Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Баъзе кишварҳои ИДМ Кодекси гумрук ва қонуни тарифи гумрукии худро надоштанд ва то имрӯз низ надоранд.
Бо мақсади содда сохтани механизми таҳияи ин асноди қонунгузорӣ сарварони давлатҳои Иттиҳод лоиҳаи асосҳои қонунҳои гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ-ро маъқул донистанд, ки варианти ниҳоии он 2 феврали соли 1995 дар Алмаато қабул карда шуд. Дар ин санад принсипҳои танзими ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии фаъолияти гумрукӣ муайян шудаанд. Он аз 19 фасл, 43 боб ва 234 модда иборат аст. Асоси мундариҷаи онро муқаррароти Қонун "Дар бораи тарифи гумрукӣ" ва Кодекси гумруки Федератсияи Россия, бо дарназардошти хусусиятҳои хоси ҳар давлат ва ҳамаи давлатҳо дар якҷоягӣ дар асоси қонунҳои миллӣ, ташкил мекунад.
Бо чунин қарор ба давлатҳои аъзои ИДМ тавсия дода шудааст, ки зимни таҳияи Кодекси гумрук ва қонун дар бораи тарифи гумрукӣ ба асосҳои қонунҳои гумрукии ИДМ такя намоянд.
Асосҳои қонунгузории гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ноябри соли 1995 пас аз тасвиби онҳо аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо намуданд. Тасвибнома 27 ноябри соли 1995 ба нигоҳдорандаи (депозитарии) ин ҳуҷҷат — Ҳукумати Ҷумҳурии Беларусь супурда шуд.
Қобили тазаккур аст, ки Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонун "Дар бораи тарифи гумрукӣ" муқаррароти асосии асноди қонунгузории шабеҳи Федератсияи Россия ва Асосҳои қонунгузории гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ-ро дар бар гирифтааст.
Дар ҷаласаи Шӯрои сардорони Ҳукуматҳои ИДМ ҳамзамон "Усули ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ" тасдиқ гардид. Хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ то тасдиқи усули ягона зимни ташкили омори гумрукии савдои хориҷӣ асосан тавсияҳо ва шаклҳои мухталифи байналхалқии ҳисоботи омориро мавриди истифода қарор медоданд, ки танҳо манфиатҳои худи онҳоро инъикос менамуданд. Низоми умумии рамзгузорӣ ва таснифоти амалиёти савдои хориҷӣ ва молҳо мутобиқи меъёру қоидаҳои байналхалқӣ мавҷуд набуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо