Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар омори гумрукии савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ муносибати мухталиф ҷой дошт ва ин ба арзёбии савдои хориҷӣ дар кишварҳои ИДМ таъсири манфӣ мерасонд.
Инкишофи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили омори савдои хориҷиро тақозо намуд. Барои бунёди омори гумрукии қиёсшавандаи миллии савдои хориҷӣ истифода ва ҷорӣ намудани Усули ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ нуктаи мабдаъ гардид.
Мутобиқи банди 11 моддаи 10 ва моддаҳои 212-225 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифи гумрукӣ" ҷиҳати мураттаб сохтани маълумот доир ба савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо фармони №25 Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 1996 "Дар бораи усули омори гумрукии савдои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" усули омори гумрукии савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Пешбурди омори гумрукиро бе истифодаи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии иборат аз маҷмӯи муназзам, ном, тасвир ва рамзи молҳо тасаввур кардан мумкин нест.
Дар ҷаласаи навбатии роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 3 ноябри 1995 дар ш. Москва баргузор гардид, Созишнома "Дар бораи номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ" ба имзо расонида шуд.
Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (НМ ФИХ ИДМ) дар асоси Низоми ҳамоҳанги тасвир ва рамзгузории молҳо (НҲ) ва Номгӯи омехтаи тарифу омори Иттиҳоди Иқтисодии Европа (НО ИИА) таҳия гардидааст.
Мутобиқи моддаи 1 Созишнома "Дар бораи Номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ" муқаррар карда шуд, ки иштирокчиёни Созишнома ҷиҳати татбиқи чораҳои танзими тарифӣ ва ғайритарифии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, такмили баҳисобгирии оморӣ ва мубодилаи иттилооти оморӣ "Номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии ИДМ"-ро, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур аст, қабул менамоянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо