Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Мутобиқи Созишномаи мазкур пешбурди НМ ФИХ ИДМ ба зиммаи хадамоти гумрукии Федератсияи Россия гузошта шуд.
Хадамоти гумрукии Федератсияи Россия дар доираи ин ӯҳдадориҳо тағйироту иловаҳои аз ҷониби Иттиҳоди Иқтисодии Европа ба НҲ воридшавандаро назорат карда, ин тағйироту иловаҳоро ба НМ ФИХ ИДМ ворид месозад, якҷоя бо хадамоти гумрукии давлатҳои дигари аъзои ИДМ шарҳ ва қарорҳои дигари тахассусиро оид ба тавзеҳи НМ ФИХ ИДМ таҳия ва тасдиқ намуда, нашри онҳоро таъмин мекунад.
Бо ин робитаи гумрукӣ дар Иттиҳод, инчунин интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳад хеле содда карда шуд.
Барои ҳалли мушаххаси вазифаҳои номбаршуда, таҳияи принсипҳои ягонаи муносибат ба ташкили фаъолияти гумрукии ҳар яке аз давлатҳо ва ИДМ дар маҷмӯъ, ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо дар ин соҳа бо қарори роҳбарони ҳукуматҳои ИДМ Низомномаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ тасдиқ карда шуд. Мутобиқи Созишномаи мазкур Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукӣ бо мақсади татбиқи шартнома дар бораи таъсиси иттиҳоди иқтисодӣ таъсис дода шуд. Шӯро дар фаъолияти худ тамоми созишномаҳои дар доираи Иттиҳод имзогардидаро дастури амали хеш қарор медиҳад.
Ба зиммаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукӣ вазифаҳои марбут ба таҳияи лоиҳаи созишномаҳо, арзёбии экспертии онҳо бо иштироки тамоми намояндагони хадамоти гумрукии ИДМ, такмили минбаъдаи онҳо бо дарназардошти эроду пешниҳодоти расида ва баъдан ҷиҳати баррасӣ ба Кумитаи Байнидавлатии Иқтисодӣ (КБИ) ва Котиботи Иҷроияи ИДМ пешниҳод кардани онҳо гузошта шуданд.
Ғайр аз ин, ба зиммаи Шӯро вазифаи таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои ташаккули Иттиҳоди гумрукӣ, таҳияи тарифи ягонаи хориҷии гумрукӣ дар асоси НМ ФИХ, тартиби ситонидани бочу хироҷи гумрукӣ ва механизми истифодаи онҳо, муайян намудани кишвари истеҳсолкардаи мол, муайян намудани усули ягонаи арзиши гумрукӣ гузошта шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо