Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамзамон Шӯро бо омода сохтани тавсияҳо дар бобати татбиқ ва таҳияи барномаҳои байнидавлатии инкишофи фаъолияти гумрукӣ умуман дар ИДМ машғул буд.

Ба Шӯро ҳуқуқи баррасии асноди қонунгузории гумрукии давлатҳои аъзои Иттиҳод, таҳияи пешниҳодот дар мавриди якнавохт сохтани қоидаҳо ва расмиёти гумрукӣ, мубодилаи мутақобили маълумоти омории гумрукии савдои хориҷӣ, ободонӣ ва таҳкими сарҳадоти гумрукии берунии ИДМ, тарбияи кадрҳо барои мақомоти гумруки кишварҳои ИДМ дода шуд. Барои татбиқи фаъолияти Шӯро ба он ҳуқуқ дода шуд, ки:

ба хадамоти гумрукӣ ва идораҳои дигари давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳод бо хоҳиши пешниҳоди маълумоти зарурӣ ва фиристодани намояндагонашон барои таҳияи мавод доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияти Шӯро, муроҷиат намояд;

барои таҳияи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои дахлдор, гурӯҳҳои корӣ ташкил намояд;

ба баррасии Шӯрои сардорони давлатҳо ва Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Шӯро таҳиягардидаро пешниҳод намояд;

ба роҳбарони хадамоти гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба масъалаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашон дар асоси қарору созишномаҳое, ки онҳо иштирокчиашон мебошанд, муроҷиат намояд;

доир ба масъалаҳои марбут ба салоҳияташ чораҳои фаврӣ андешад.

Мутобиқи Низомномаи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ аъзои Шӯро роҳбарони хадамоти гумрукӣ мебошанд. Шӯро (дар асоси ротация - нав кардан) ба мӯҳлати як сол раисро интихоб мекунад, дар назди Шӯро дастгоҳи корӣ таъсис дода мешавад. Раис ба кори Шӯро роҳбарӣ мекунад, аз номи он дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони давлатҳо ва Шӯрои роҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ баромад мекунад, Шӯроро дар муносибатҳо бо хадамоти гумрукии давлатҳои сеюм намояндагӣ мекунад, ҷаласа мегузаронад

пешина
аз 785
навбатӣ