Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ва вазифаҳои дигарро иҷро менамояд. Гузаронидани ҷаласаҳои Шӯроро Котиби Шӯро, ки аз ҷониби раис ба муҳлати 1 сол таъин мешавад, таъмин менамояд.

Шӯрои роҳбарони хадамоти гумурукии ИДМ дар давраи фаъолияти худ амалан тамоми созишномаҳо, асноди меъёрӣ ва низомномаҳои доир ба масъалаҳои гумрукӣ қабулшударо таҳия намуда, ҷиҳати баррасӣ ба Шӯрои роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод кардааст.

Ғайр аз ин, дар доираи Шӯрои роҳбарони хадамоти гумрукӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ як қатор созишномаҳои муҳими байниидоравӣ, бисёрҷониба қабул гардиданд, барои ҳамкории бевосита оид ба самтҳои алоҳидаи фаъолияти хадамоти гумрукии Иттиҳод замина гузоштанд.

Инҳо созишномаҳои зерин мебошанд:

• созишнома "Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар", ки 8 июли соли 1994 аз ҷониби роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ дар ш. Москва ба имзо расидааст;

• созишнома "Дар бораи содда ва якнавохт сохтани расму қоидаҳои барасмиятдадории гумрукӣ дар сарҳадоти гумрукӣ", ки 8 июли соли 1994 аз ҷониби роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ дар Москва ба имзо расидааст;

• созишнома "Дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбия ва такмили ихтисоси кармандони гумрук", ки 23 ноябри соли 1994 аз ҷониби роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ дар ш. Москва ба имзо расонида шудааст;

• созишнома "Дар бораи тартиби ба расмияти гумрукӣ даровардани молҳое, ки дар қаламрави гумрукии давлатҳои аъзои ИДМ истеҳсол гардида, мутобиқи низоми гумрукии "иҷозат барои муомилоти озод" дар байни онҳо интиқол дода мешаванд", ки 8 июли соли 1995 аз ҷониби роҳбарони хадамоти гумрукии ИДМ дар Москва ба имзо расонида шудааст.

пешина
аз 785
навбатӣ