Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Мутобиқи созишнома "Дар бораи ҳамкории хадамоти гумрукӣ дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар", тарафҳои аҳдкунанда ташвищу изтироби худро нисбати афзоиши сӯйиистеъмоли маводи нашъаовару мадҳушкунанда ва муомилоти ғайриқонунии он иброз дошта, бо дарназардошти вусъат бахшидани робитаҳои ҷойдошта, бо мақсади инкишофи ҳамкории тарафайн дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовару мадҳушкунанда, зимни эҳтироми ҷиддии истиқлолияти давлатҳо ва принсипи даҳолат накардан ба корҳои дохилии онҳо, бо дарназардошти Конвенсияи ягонаи соли 1961 дар доираи Созмони Милали Муттаҳид таҳиягардида дар бораи маводи нашъаовар бо тағйироту иловаҳои минбаъда, Конвенсияи соли 1971 дар бораи маводи мадҳушкунанда бо тағйироти минбаъда ва Конвенсияи соли 1988 дар бораи мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мадҳушкунанда, бо дарназардошти мақсаду вазифаҳои дар Барномаи умумиҷаҳонии амали соли 1990 доир ба ҳамкории байналхалқӣ дар кори мубориза ба муқобили истеҳсол, пешниҳод, талабот, муомилоти ғайриқонунӣ ва паҳн кардани маводи нашъаовар ва мадҳушкунанда, ба мувофиқа расиданд, ки стратегияи ягонаи мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва мадҳушкунандаро таҳия намуда, ҷиҳати такмили фаъолияти хадамоти гумрукӣ дар мавриди пешгирӣ ва қатъи муомилоти ғайриқонунии онҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои байналхалқӣ тадбирҳои муштарак меандешанд.
Ҳамаи хадамоти гумрукии Созишномаи мазкурро имзонамуда ӯҳдадорӣ гирифтанд, ки ба депозитарий (яъне нигоҳдорандаи нусхаи асли Созишномаи мазкур - Кумитаи давлатии гумруки Федератсияи Россия) маълумоти зарурии марбут ба истифодаи воситаҳои техникӣ ва сагҳои махсус, маълумот дар бораи мутахассисони дорои таҷрибаи мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, асноди меъёрӣ, нашрияҳо, корҳои илмӣ, касбӣ ва таълимӣ доир ба масъалаҳои мубориза алайҳи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо