Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
муомилоти ғайриқонунии нашъа, инчунин иттилоот дар бораи навъҳои нави маводи нашъаовар, технологияҳо ва маҳалҳои истеҳсоли онҳо, роҳҳои интиқоли ғайриқонунӣ ва усулҳои пинҳон кардани онҳо, пешниҳод менамоянд.
21 октябри соли 1994 дар ҷараёни вохӯрии навбатии роҳбарони давлатҳои аъзои Иттиҳод дар Москва, бо мақсади бунёди низоми самарабахши пардохт дар доираи кишварҳои Иттиҳод, ки шарти зарурии фаъолияти мӯътадили Иттиҳоди иқтисодӣ, ҳаракати озоди молу хизматҳо мебошад, таъмини тавозун дар муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, роҳбарони ҳукуматҳо ба афзун гардидани иқтидори иқтисодиёти миллӣ дар асоси робитаҳои муфиди кооперасионӣ ва робитаҳои дигари хоҷагидорӣ кӯшида, Созишномаи бунёди Иттиҳоди пардохтии иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба имзо расониданд.
Бунёди Иттиҳоди пардохт пеш аз ҳама бояд дар асоси риоя намудани принсипҳои зерин амалӣ мешуд:
• эътироф намудани соҳибистиқлолии асъори миллӣ ва мавқеи бонкҳои миллӣ ҳамчун маркази эмиссионӣ ва сохтори танзимкунандаи пулию қарзӣ ва асъорӣ аз тарафи ҳар як давлати аъзои ИДМ;
• дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ пешгирӣ намудани маҳдудият дар қабул ва истифодаи асъори миллии ба сифати пардохт дар тиҷорат ва ғайритиҷорат истифодашаванда;
• тасдиқи низомномаи танзими давлатии тиҷорати хориҷӣ ва асъорӣ, ки дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИДМ пешрафти фаъолияти бозорҳои асъориро вобаста ба хариду фурӯши асъори миллӣ бо асъори давлатҳои дигар кӯмак менамояд;
• таъмини ваколати ивази асъори миллӣ ва асъори дигари давлатҳои аъзои ИДМ вобаста ба пардохтҳои иҷтимоӣ: нафақа, ёрдампулии давлатӣ, пардохт, ҷуброн ва ғайра;
• ба намояндаи ваколатдори бонки тиҷоратӣ додани ҳуқуқи бевоситаи ҳисоббаробаркунӣ амалиёти пардохти байналмилалӣ, ба бонк-корреспондентҳо ва ғайрирезидентҳоиштирокчиёни

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо