Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
робитаҳои иқтисодии хориҷӣ додани қарзи
бонкӣ;
• аз байн бардоштани маҳдудияти маъмурӣ дар интихоби асъори
пардохт дар ҳолати бастани созишнома байни ду хоҷагии
давлатҳои аъзои ИДМ;
• ба ғайрирезидентҳо додани ҳуқуқи доштани асъори хориҷӣ ва истифодаи он барои харид, пардохтҳои хизматрасонӣ ва ғайра.
Дар ин ҷаласа Шӯрои сарварони давлатҳо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.А. Назарбоевро дар бораи бунёди Иттиҳоди Давлатҳои Евразия ба эътибор гирифта, ба чунин қарор омаданд, ки назария ва пешниҳодҳои хуби Ҷумҳурии Қазоқистонро дар ҷараёни таъмиқи ҳамгироии давлатҳои аъзои ИДМ истифода баранд.
26 майи соли 1995 дар маҷлиси Шӯро аз тарафи сардорони давлатҳо Созишнома оид ба бунёди Кумитаи байнидавлатии асъор ба имзо расид. Шӯрои сарварони давлатҳо ва ҳукуматҳои ИДМ дар тӯли солҳои охир пешрафти ҷараёни ҳамгироиро ба назар гирифта, барои ҳарчи бештар осон шудани низоми пардохти байнидавлатии асъор ба ин Кумита масъулияти мақоми корӣ ва ҳамоҳангсозии кулли муносибатҳои асъорӣ-пардохтӣ ва қарзиро додааст. Кумитаи таъсисшуда вазифадор карда шуд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳ санадҳои қонунгузории асъории давлатҳои иштирокчии Созишнома оид ба бунёди Иттиҳоди пардохтиро бо талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунонида, мукаммал созад.
Дар оғози соли 1995 нишонаҳои гузариш ба зинаи сифатан нави ҳамкорӣ ба назар мерасид, ки амалан аз татбиқи воқеии ғояю муқаррароти дар Созишнома "Дар бораи принсипҳои сиёсати гумрукӣ" баёнгардида иборат буд.
6 январи соли 1995 дар ҷараёни мулоқоти роҳбарони ҳукуматҳои Федерацияи Россия ва Ҷумҳурии Беларусь дар Минск Эъломия "Дар бораи вусъат ва таъмиқи ҳамкории Россия ва Беларусь"
ба имзо расид. Худи ҳамон рӯз байни Ҳукумати Федерацияи Россия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Беларусь Созишнома "Дар бораи Иттиҳоди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо