Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ки муваққатан аз нақшаи худ даст кашида, барои мустаҳкам кардани нишонаҳои давлатдории худ, пули миллии худро ба муомилот барорад.

Иттиҳоди нави иқтисодӣ аслан дар асоси Иттиҳоди гумрукӣе, ки як қисми давлатҳои ИДМ дар панҷ соли охир пояҳои онро мустаҳкам менамуданд, бунёд гардидааст. Баъд аз шаш соли ҳамкорӣ вобаста ба зина ба зина бунёд намудани Иттиҳоди гумрукӣ, сарварони давлатҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Белоруссия ва Федерацияи Россия хуб дарк карданд, ки бо вуҷуди заҳматҳои зиёд бо сабабҳои гуногуни объективӣ ва субъективӣ ин созмон кор накарда истодааст. Онҳо ба хулосае омаданд, ки фаъолияти Иттиҳоди гумрукӣ аз тарафи комиссияи ҳамгироӣ мавриди омӯзиш ва такмилдиҳӣ қарор дода шавад.

Фикрҳои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди гумрукиро ба назар гирифта, Президенти Қазоқистон Назарбоев пешниҳоди пештараи худро оид ба бунёди Иттиҳодияи иқтисодии Евразия, ки дар тӯли ин 6 соли охир пурра такмил дода шуда буд, аз нав пешниҳод намуд.

10 октябри соли 2000 дар рафти вохӯрии расмии президентони Россия, Қазоқистон, Белоруссия, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шаҳри Остона пешниҳоди Назарбоев чуқур омӯхта шуда, бо назардошти муваффақиятҳои дар солҳои охир бадастомада, дар бахши масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ аз байн бардоштани маҳдудиятҳои тарифҳои савдои хориҷӣ ва миқдорӣ, ҷорӣ кардани тарифҳои гумрукии умумӣ, танзимкунии режими савдои умумӣ нисбат ба давлатҳои сеюм, бунёди минтақаи ягонаи гумрукӣ дар изҳороти якҷояи худ оид ба бунёди созмони нави байналмилалӣ - Иттиҳоди иқтисодии Евразия тамоми ҷаҳонро бохабар карданд.

Роҳбарони давлат ва ҳукуматҳои аъзои ин созмон бо боварии том тасдиқ намуданд, ки дар натиҷаи истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ нақшаи ҳозиразамони идоракунӣ ва фаъолият карданро бо номи Иттиҳоди иқтисодии Евразия кор карда баромаданд.

пешина
аз 785
навбатӣ