Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Иттиҳоди иқтисодии Евразия Ташкилоти байналмилалии мустақил ба шумори рафта, дар асоси ваколатҳое, ки давлатҳои таъсискунанда ба он додаанд, бунёд карда шудааст.
Мувофиқи Низомнома барои идора кардани ин созмон бояд Шӯрои байнидавлатӣ ва Ассамблеяи байнипарламентӣ ташкил карда шавад ва мувофиқи меъёрҳои муайяншуда ва ҳиссаи пардохти молиявӣ бояд 40%-и овозҳо ба Федератсияи Россия, 20% ба Белоруссия, 20% ба Қазоқистон, 10% ба Қирғизистон ва 10% ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Давлатҳои иштирокчӣ дар рафти мулоқотҳои худ ба чунин мувофиқа расиданд, ки қарори охирини оид ба масъалаҳои дар ин созмон баррасишуда, дар охир, баъд аз тадқиқи чуқур бояд дар асоси овоздиҳии умумӣ қабул карда шавад.
Аз рӯзҳои аввали бунёди Иттиҳоди иқтисодии Евразия фаъолияти он бояд пеш аз ҳама, ба ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ, пурра ба охир расонидан ва ба тартиб даровардани низоми савдои озод, гузаронидани бозсозиҳои таркибии иқтисодии мутобиқ, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти истеҳсолӣ ва соҳибкорӣ, ташкили системаи ягонаи нақлиёт ва бозори умумии энергетикӣ ва монандӣ инҳо равона карда шавад. Дар ояндаи наздик ҷорӣ кардани асъори ягонаи умумӣ аз эҳтимол дур нест.
Сарварони давлатҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию гуманитарӣ бо мақсади бунёди фазои умумии ҳуқуқӣ тадбирҳои зарурӣ андешиданд. Роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди иқтисодии Евразия мувофиқи шароити мавҷуда бунёди сохторҳои роҳбарикунандаро дар шаҳрҳои Москва ва Алмаато пешниҳод карданд. Қарор дода шуд, ки забони русӣ - забони кории Иттиҳод қабул карда шавад.
Вохӯрии якуми сарварони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Евразия 1 сентябри соли 2001 дар шаҳри Минск таъин карда шуд.
То ин вохӯрӣ барои пурра омода кардани ҳуҷҷатҳои лозима роҳбарии ин созмон ба зиммаи ташаббускори бунёди Иттиҳоди Евразия - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Н.Назарбоев гузошта шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо