Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳамин тариқ, дар раванди ҳамгироии кишварҳои навбунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боз як саҳифаи нави таърихӣ кушода шуд ва умед аст, ки дар солҳои наздик иҷро шудани мақсадҳои неки ба нақша гирифташуда, давлатҳои аъзои ин созмонро ба сатҳи давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон бароварда, ба беҳбудии зиндагии мардуми сермиллати ин кишварҳо мусоидат хоҳад кард.
Аз ин нуқтаи назар, дар гузориши матбуотии ҷамъбастии дар шаҳри Остона баргузоргардида, Президенти Россия В.В.Путин махсус қайд намуд, ки дар доираи Иттиҳоди Евразия чунин тартибот бояд амал кунад, ки он ба Россия барои ба тариқи амр ҷорӣ намудани шартҳои худ нисбати давлатҳои дигар имконият надиҳад.
Масъалаҳои ҳалталаб дар Шӯрои сарварони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Евразия муҳокима шуда, дар асоси консенсус мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Президенти Федерасияи Россия қайд кард, ки Иттиҳоди Евразия дигаргунсозии шартии (рӯякии) Иттиҳоди гумрукӣ набуда, балки он ташкилоти нави муҳиме мебошад, ки на танҳо барои қабули қарорҳо, балки барои ҳаллу фасли онҳо равона карда шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо