Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ Х. ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДИИ МИНТАҚАВИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
§10.1. Зарурати ҳамгироии минтақавии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва шаклҳои он
Муборизаи идеологии байни ду система дар аввалҳои соли 1990 боиси аз роҳи "тамоили сотсиалистӣ" даст кашидани як қатор давлатҳои назди Балтика ва дере нагузашта, пурра аз байн рафтани яке аз давлатҳои бузурги ҷаҳон Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) гардид.
Дар натиҷа, агар ин тамоил аз як тараф, мувозинати қувваҳои дар ҷаҳон ба ҳам зидро вайрон карда бошад, аз тарафи дигар ба мустақил гардидани ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ шароит фароҳам овард, онҳо мустақилона ба муносибатҳои байналмилалии бозорӣ шурӯъ намуданд ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба нафъи миллати худ истифода бурдани дастовардҳои техникии пешқадами ҷаҳон саъю кӯшиш мекунанд.
Ҳамин тариқ, дар раванди эволютсионии хоҷагии ҷаҳонӣ барои давлатҳои навбунёди Осиёи Марказӣ давраи нави ҳаётӣ оғоз гардид. Солҳои аввал заминаи ташаккулёфтаи иқтисодӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ бамеросмондаро истифода бурда, дар баробари вусъат додани робитаҳои иқтисодии байни якдигар, кӯшиши бо ашёи хом ва молу маҳсулоти тайёри худ мустақилона ба бозори ҷаҳонӣ баромаданро намуданд.
Аммо дере нагузашта, ҳаёт нишон дод, ки ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ кори осоне набудааст. Дар ин роҳ ба садҳо монеа ва маҳдудиятҳои чӣ иқтисодӣ ва чӣ сиёҳ дучор шудан мумкин будааст.
Бозори ҷаҳонӣ қонунҳои ба худ хосе доштааст, ки надонистани онҳо ба талафоти зиёди молию пулӣ оварда мерасонад.
Бозори ҷаҳонӣ аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ба мисли ТУС/ВТО, ки бо иштироки намояндагони кулли давлатҳои дунё бунёд гардиданд, назорат ва танзим карда мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо