Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дохил шудан ба чунин созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси он ба нафъи худ истифода намудани меъёрҳои дар бозори ҷаҳонӣ амалкунанда вақт ва меҳнати зиёдеро талаб мекунад.
Аз тарафи дигар, рақобати ширкатҳои махсусгардонидашудаи дунё дар тӯли 50 соли охир бозорҳои ҷаҳонии фурӯши молҳои алоҳидаро зери назорати худ гирифта, дар роҳи воридшавии молҳои давлатҳои нав монеаҳои зиёдеро ба вуҷуд меоварад.
Дар баробари ин истиқлолияти сиёсии давлатҳои навбунёд дар солҳои аввал маънои мустақилияти пурраи иқтисодии онҳоро надошт, зеро дар солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолӣ бо сабаби аз якдигар вобаста буданашон аз марказ хеле дақиқ ва моҳирона дар худуди кулли ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ ҷо ба ҷо карда шуда, чун як узв амал мекарданд.
Истеҳсолоти махсусгардонидашудаи давлати шӯравӣ бештар яктарафа ба роҳ монда шуда, бо сабаби афзалияти бештар доштани кишоварзӣ дар худи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон вазни қиёсии иқтисодиётро 60 фоиз саноати коркарди маҳсулот ташкил мекард. Роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар назди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вазифаи бо маводи хоми аввала ва маҳсулоти нимтайёр таъмин намудани корхонаҳои марказиро гузошта буд.
Ҷойгиронии нобаробари қувваҳои истеҳсолкунанда солҳои охир ба он оварда расонида буд, ки дар 5%-и худуди давлатҳои Осиёи Марказӣ, агар 65 фоизи қувваҳои истеҳсолкунанда гирд оварда шуда бошад, пас дар 95%-и худуди он қувваҳои корӣ тамоман аз истеҳсолот дур шуда буданд.
Равнақу ривоҷи соҳаҳои истеҳсолоти маҳаллӣ (артелу кооперативҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ, заргарӣ, кулолгарӣ) низ бо ҳар баҳона боздошта мешуд.
Сабаб дар он буд, ки афзоиши рӯзафзуни талаботи истеҳсолот ба пахта ва нахи он, алюминийи хом, маъдан, концентратҳо сохтори роҳбарикунандаи марказро водор менамуд, ки бештари аҳолии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар соҳаи кишоварзӣ ва тавлиди ашёи хоми аввала машғул бошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо