Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ин аст, ки соли 1990 дар соҳаи кишоварзии Қазоқистон 23%, Қирғизистон 33%, Ӯзбекистон 39%, Туркманистон 42%, Тоҷикистон 43%-и аҳолӣ кор мекард.
Асоси робитаҳои иқтисодии собиқ ҷумҳуриҳои сотсиалистиро муносибатҳои дохили сохтори ҷамъиятӣ ташкил менамуд.
Соли 1990, агар ба дигар ҷумҳуриҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ на камтар аз 41,8%-и кулли маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда содир шуда бошад, аз Туркманистон 50,7%, Қирғизистон 50,2%, Ӯзбекистон 43,2%, Қазоқистон 39,9% содир карда шудааст.
То солҳои 1988 тамоми робитаҳои иқтисодии хориҷӣ аз тариқи марказ сурат мегирифт. Ширкатҳои махсусгардонидашудаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ба монанди "Коопвнешторг", "Союзвнешторг", "Союзплодоимпорт", "Союзнефтеэкспорт", "Новоэкспорт", "Сельхозпромэкспорт", "Союзпромэкспорт", "Технопромэкспорт", "Техмашимпорт", "Тяжпромэкспорт" ва ғайра тамоми корҳои вобаста ба содирот ва воридоти молҳо, таҷҳизот, ашёи хом ва технологияи навтаринро анҷом медоданд.
Аз соли 1989 бо қарори махсуси Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ содирот ва воридоти номгӯи муайяни маҳсулоти дар ҷумҳуриҳо истеҳсолшаванда ба хориҷ ба худи онҳо иҷозат дода шуд. Аммо дар тӯли 13 соли то ба даст овардани истиқлолият ҳаҷми содироти молҳои истеҳсолшуда дар баъзе ҷумҳуриҳо миқдори ночизеро ташкил менамуд. Соли 1990, агар Туркманистон аз ҳаҷми умумии молҳои истеҳсолшуда 10,5 фоизи онро ба хориҷа содир карда бошад, пас дар Тоҷикистон он 16 фоизро ташкил намуд.
Бинобар ин, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, солҳои аввали истиқлолият ин ду давлат нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба сабаби дар вақташ маҳдуд будани робитаҳои иқтисодии хориҷии онҳо ба мушкилоти зиёде дучор шуда буданд.
Ин аст, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолият дар ҷумҳуриҳои навбунёд проблемаҳое пеш омаданд, ки вазъи иқтисодии бе ин ҳам вазнини ҷумҳуриҳоро боз ҳам душвортар мегардонд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо