Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ин проблемаҳоро шартан ба 7 гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст, ки ҳалли бевоситаи онҳо пешравии иқтисодии Тоҷикистон ва мамлакатҳои Осиёи Марказиро таъмин менамояд:

  1. Дар мадди аввал доир намудани бозсозии куллӣ дар сохторҳои амалкунандаи истеҳсолӣ ва тиҷоратие, ки ба талаботи замон ҷавоб намедоданд; кӯшиши ҳарчи тезтар аз байн бардоштани номутаносибии соҳаҳои истеҳсолкунанда ва соҳаҳои коркард;

  2. Бунёди сохторҳои иқтисодии минтақавие, ки раванди ҳамгироии давлатҳои навбунёди Осиёи Марказиро аввалан байни худ ва баъдан бо дигар мамлакатҳои ҷаҳон суръат мебахшанд. Дастгирии корхонаҳо аз ҷониби ҳукумат барои ҳарчи бештар истеҳсол намудани молҳои ба меъёри талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ;

  3. Бо дастгирии давлат таъмин намудани корхонаҳои амалкунанда бо таҷҳизоти нави ҳозиразамон;

  4. Фавран бунёд намудани корхонаҳои хурди истеҳсоли маводи аввалини ниёзи мардум, соҳаҳои саноати коркарди тиллою нуқра, сангҳои қиматбаҳо, мармар, гранит, пӯст, пашм, пилла, чӯб ва истеҳсоли мебел, асбобҳои барқӣ, зарфҳои сафолин ва чинӣ;

  5. Бунёди корхонаи истеҳсоли зарфҳои ба меъёри стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ барои саноати хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;

  6. Таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави кор ва тадриҷан аз байн бардоштани бекории аҳолӣ;

  7. Ёфтани роҳҳои ҳалли масъалаи муҳимтарини экологии рӯз - проблемаи Арал.

Ҳалли масъалаҳои дарпешистода маблағи бисёреро талаб менамояд. Барои ин ҳар як давлати соҳибистиқлоли Осиёи Марказӣ дар баробари сафарбар намудани сармояи дохилии худ дар солҳои аввал ба сармояи хориҷӣ низ зарурат дорад.

Заҳираҳои бойтарини табиии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, кадрҳои лаёқатманд ва соҳибмаълумот, қувваи арзони барқ ва қувваи корӣ, шароити хуб ва имтиёзҳои нисбат ба давлатҳои дигари ҷаҳон беҳтар сармоягузорон ва тоҷирони хориҷиро ба худ ҷалб менамуд.

пешина
аз 785
навбатӣ