Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бунёд гардид, ки сармояи умумии онҳо зиёда аз 2,2 млн. доллари амрикоиро ташкил менамуд.

Бинобар аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар ҷои мусоид ҷойгир будани ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, онҳо барои ҳарчи тезтар ба бозори ҷаҳонӣ наздик шудан шароитҳои хуб доранд.

Бо пешниҳоди як қатор давлатҳо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар сохтмони роҳи оҳани байниминтақавие, ки аз шаҳрҳои Пекин, Алма-Ато, Тошканд, Ашқобод, кишварҳои Эрон ва Туркия гузашта, Уқёнуси Ором ва қитъаи Аврупоро ба ҳам мепайвандад, саҳм мегиранд.

Давлатҳои Осиёи Миёна, ҳамчун узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) дар қисмати хотимавии сохтмони роҳи оҳани Теҳрон-Машҳад-Сарахс-Ашқобод иштирок намуда, соли 1996 онро ба анҷом расонданд. Кушода шудани ин роҳи оҳан, минтақаи давлатҳои Осиёи Миёнаро бо баҳри Миёназамин пайваст намуда, барои интиқоли молҳо ба давлатҳои Шарқи Наздик, Аврупо бо ҳарчи даҳчанд кам шароит фароҳам меорад.

Ба захираҳои бузурги сарватҳои зеризаминии ин минтақа кишварҳои Европа мароқи калон зоҳир менамуданд. Аз рӯзҳои аввали истиқлоният Иттиҳоди Европа бо манбаи ашёи хоми давлатҳои навбунёди Осиёи Марказӣ пайваст намудани корхонаҳои кулли давлатҳои Европа ба нақша мегирифт. Баҳри иҷрои ин мақсад Иттиҳоди Европа дар баробари барномаҳои кӯмаки техникии "TACIS", барномаи ёрии башардӯстона, барномаи азнавсозӣ ва бунёди роҳи оҳани Европа, Кафкас ва Осиёро бо номи "ТРАСИКА" таҳия намуданд. Дар асоси ин барнома Иттиҳоди Европа ба ӯҳда гирифтааст, ки тамоми хати роҳи оҳане, ки Европаро аз тариқи ҷумҳуриҳои худмухтори Моварои Кавказ, бандари Боку, бандари Красноводск, хати роҳи Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон то шаҳри Душанбе мепайвандад, мувофиқи меъёрҳои байнамилалӣ таъмир карда, онро бо таҷҳизоти замонавии системаи коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз менамояд. Қобили тазаккур аст, ки дар натиҷаи гуфтушунид бо роҳбарияти сарраёсати Иттиҳоди Европа ба

пешина
аз 785
навбатӣ