Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
барномаи "ТРАСЕКА" сохтмони роҳи оҳани Қӯрғонтеппа – Кӯлоб низ ҳамроҳ карда шуд.
Натиҷаҳои ин сафарро Ҳукумати ШМА ба назар гирифта, дар муносибатҳои тиҷоратӣ аз давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон додани статуси мусоидтари савдоро муносиб дид.
Афзудани тамоили сармоягузории хориҷиро ба иқтисодиёти давлатҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ ба назар гирифта, созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, чун Барномаи Тараққиёти Созмони Милали Муттаҳид (ПРООН) барои тайёр намудани қонунҳои миллии ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ (ҷиҳати ҳифзи сармояи хориҷиён) заминаҳои лозимиро муҳайё кардаӣ шуданд. Мутобиқи ин барнома ҳайати калони вакилони халқ, кормандони Вазорати адлия, суд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои қонунгузории ШМА, Англия шиносоӣ ва робита барқарор намуда, қисман таҷрибаи бои онҳоро дар корҳои рӯзмарраи худ истифода бурданд.
Моҳи июни соли 1992 ҳайати ҳукуматии ШМА бо ҳамроҳии сарвари Корпоратсияи сармоягузории ШМА бо номи "ОПИК" аз давлатҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон боздид намуд. Албатта, ин сафар бо вуҷуди хусусияти шиносоӣ доштанаш натиҷаҳои хеле хуб дод. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи сармоягузории ШМА созишнома оид ба ҳифзи сармоягузории хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Дар баробари Иттиҳоди Аврупо ба давлатҳои тозаистиқлоли Осиёи Марказӣ дигар давлатҳои абарқудрати дунё, ба мисли ШМА, Россия ва Британияи Кабир мароқ зоҳир мекарданд. Моҳи ноябри соли 1993 бо тамоми давлатҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ШМА созишнома оид ба барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва дастгирии сармоягузорӣ имзо карда шуд.
Барои ҳарчи тезтар муҳайё намудани муҳити мусоиди бозорӣ созмонҳои бонуфузи ҷаҳон барои дастгирӣ намудани сектори навбунёди хусусӣ дар шаҳрҳои калони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо