Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
бунёди шӯъбаҳои бонкҳои шинохташуда ва машҳури ҷаҳон шурӯъ намуданд.
Соли 1994 дар шаҳри Бишкек Бонки тиҷорати Гонконг бо 600 ҳазор доллари сармояи аввала ба кор шурӯъ намуд. Бо иштироки калонтарин бонки Ҷумҳурии Туркия "Зироатбонк" дар Алма-Ато, Ашқобод ва Тошкент се бонки муштарак бо мақсади суръатбахшии тиҷорати байнидавлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ бунёд гардиданд.
Дар Қазоқистон бошад, бонки калонтарини Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - "Алембонк" бунёд гардид, ки дар амалиёти худ сармояи бонкҳои бонуфузи Германия ва Швейтсарияро истифода мебарад.
Дар Тоҷикистон бо мақсади суръат бахшидан ба амалиёти ҳисоббаробаркунии байнибонкии ҷумҳуриҳои минтақа Бонки БМТК "Осиёи Марказӣ" таъсис дода шуд. Бонкҳои дигар, аз ҷумла Бонки БСТМЛТ "Ист-кредит-бонк", "Азиабанк" ва намояндагии Бонки "Тиҷорат"-и Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Тоҷирони англис ва американ бошанд, вазъи Тоҷикистонро ба назар гирифта, бо мақсади таъмини амнияти сармояи сармогузорони хориҷӣ ба бунёди ширкати муштараки суғурта шурӯъ намуданд.
Ҳамин тариқ, сиёсати "дарҳои кушода"-и давлатҳои Осиёи Марказӣ иқдоми ҳамгироие буд, ки барои ин ҷумҳуриҳо дар роҳи ба иқтисодиёти ҷаҳон робита барқарор намудан шароити хубе фароҳам оварданд.
Аммо натиҷаҳои се соли аввали истиқлолият бештар барои бунёди сохторҳои давлатӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда, мутобиқ намудани қонунҳои мамлакат бо меъёрҳои давлатӣ, кӯшиши дар миқёси ҷаҳон шинохта шудан, барқарор намудани он робитаҳои мустаҳками иқтисодие, ки солҳои шӯравӣ байни ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ вусъат меёфт, равона шуда буд.
Бо вуҷуди вусъати робитаҳои хориҷӣ аз қабили кушода шудани сафоратҳои давлатҳои дуру наздик, бақайдгирии намояндагони ширкатҳои машҳури ҷаҳон, авҷгирии робитаҳои иқтисодии хориҷии мамлакат, ҳодисаҳои пастравии соҳаҳои гуногуни саноати вазнин, саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, баста шудани корхонаҳо, афзудани сафи бекорон рӯз то рӯз баръало мушоҳида карда мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо