Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Бар замми ин, вазъияти Тоҷикистонро даргириҳои дохилии солҳои 1992-1994 хеле хароб намуданд. Мувофиқи маълумоти омории ин солҳо ба касофати задухӯрдҳои дохилӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ зиёда аз 7 млрд. доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонда шуд. Садҳо биноҳои давлатӣ, хонаҳои истиқоматӣ, мактабу муассисаҳои фарҳангӣ, тиббӣ, хатҳои алоқа ва барқ, кӯпрукҳои калон хароб гардиданд.
Зиёда аз ин, қарордоду созишномаҳои имзогардидаи байнидавлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба оғози ҳамгироии ҷумҳуриҳои собиқ сотсиалистӣ замина гузоштанд, бо вуҷуди умедбахш буданашон солҳои аввал натиҷаҳои хуб намедоданд.
Ин ҳолатро баҳона карда, мухолифони муттаҳидшавӣ даъво мекарданд, ки ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ дар асл барои аз нав муттаҳид шудан ҳоло тайёр нестанд. Мувофиқи ақидаи онҳо созмонҳои ҳамгироии минтақавӣ, ки дар ҷаҳон ба қайд гирифта шуданд, чун Созмони ягонагии Африка, Созмони давлатҳои Америка, Ассотсиатсияи Америкаи Шимолӣ, Тиҷорати озод, Ассотсиатсияи Ҷанубу Шарқии Осиё дар асл ғайр аз созмони ҳамгироии Иттиҳоди Европа бо сабабҳои гуногун ба натиҷаҳои дилхоҳ нарасиданд. Бинобар ин баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ вазъи сиёсии мамлакатҳои навбунёд низ тезу тунд шуда, сабабгори гусаста шудани робитаҳои иқтисодии ин кишварҳо гардид. Даҳҳо ҳазор корхонаҳои бо ашёи хоми дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ вобастабуда, баста мешуданд. Сафи бекорон афзуда, боиси тезу тунд шудани вазъи сиёсӣ ва иқтисодии ин мамлакатҳо мегардад. Чунин шароит раванди ҳамгироии ин давлатҳоро ба якчанд даҳсолаҳо қафо мепартояд.
Аммо дар асл раванди ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ, дере нагузашта, бо шаклҳои наве, ки таърихи ҷараёни муттаҳидшавии давлатҳои дунё надида буд, зоҳир гардид.
Солимфикрӣ роҳбарони давлатҳои навбунёдро водор намуд, ки робитаҳои деринаи хешро истифода бурда, бозсозии иқтисодӣ, давраи гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ ва дохил шудан ба бозори

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо