Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҷаҳониро бо ҳам ба тариқи иштироки фаъолона дар раванди ҳамгироӣ бинанд:
• раванди ҳамгироӣ дар асоси сиёсати навқудратгирандаи давлатҳои тозаистиқлол (дар заминаи сиёсӣ);
• раванди ҳамгироӣ дар асоси ҳамоҳангсозии иқтисодӣ (дар заминаи иқтисодӣ).
Бояд таъкид намуд, ки бунёди фазои ягонаи иқтисодии Осиёи Марказӣ дар фикру зикри роҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна то барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шуда буд. Соли 1990 дар конференсияи дар Алмаато баргузоргашта масъалаи ҳамгироии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта шуд. Аммо он солҳо бо сабаби аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ баромадани давлатҳои Назди Балтика марказ (Москва) ин пешниҳодро чун қадами аввалин барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ меҳисобид.
Мувофиқи вазъияти баамаломада ҳамкории иқтисодии байни давлатҳои Осиёи Миёна бо назардошти аз ҷиҳати ҷуғрофӣ наздик буданашон ва дар гузаштаи наздик яке аз комплекси бузурги агросаноатии Иттиҳоди Шӯравӣ буданашон мебоист дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва таҷрибаи ҳамгироӣ яке аз қитъаҳои дунё, ки нишондиҳандаҳои он ба дараҷаи тараққиёти мо мувофиқ меомад пеш бурда мешуд. Бо сабабҳои дар ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд будани захираҳои бои тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, нафт, қувваи барқ, роҳбарияти давлатҳои номбурда аз рӯзҳои нахустини истиқлолият бояд ба бунёди корпорацияҳои истеҳсолӣ ва истифодаи технологияи замонавӣ ба истеҳсол ва коркарди маводи аввали бадастомада шурӯъ намуда, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ дар миқёси ҷаҳон ба мисли давлатҳои нави саноатӣ ҷои устувори худро ёфта, метавонистанд дар даҳ соли аввал ба минтақаи тараққиётбандаи дунё мубаддал гарданд. Аммо, мутаассифона, чунин нашуд. Баъд аз соҳибистиқлолӣ ҷумҳуриҳо ба проблемаҳои зиёде рӯ ба рӯ шуданд. Робитаҳои мавҷудаи иқтисодии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бинобар ворид намудани асъори миллӣ ва дар тиҷорати байниҳамдигарӣ талаб намудани асъори хориҷӣ тадриҷан гусаста

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо