Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гардиданд. Ҳамаи ҷумҳуриҳо яку якбора барои дарёфти асъори хориҷӣ ба бозори ҷаҳонӣ рӯ оварданд. Дар бештари ҷумҳуриҳо (Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон) ҷунбишҳои мардумӣ сар зада, вазъи бе он ҳам вазнинро харобтар менамуданд. Агар роҳбарияти Ӯзбекистон ва Қазоқистон бо чораҳои фавқулоддаи фаврӣ дар муҳлатҳои кӯтоҳ вазъи сиёсии кишварҳояшонро мӯътадил намуда бошанд, роҳбарияти ҳамонвақтай Тоҷикистон аз уҳдаи бо роҳи осоишта ба эътидол овардани вазъият набаромад. Тоҷикистон ба ҷанги дохилӣ кашида шуд. Бар замми ин бадбахтӣ мутахассисони варзида, ки дар соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди кишварҳо машғули меҳнати самаранок буданд, ин минтақаро тарк намуданд.

Чунин вазъият на танҳо ба суръат гирифтани раванди ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ монеъ шуд, балки боиси аз кор мондани қариб тамоми корхонаҳо ва пайдо шудани садҳо ҳазор бекорон гардид.

Аз тарафи дигар, бо вуҷуди проблемаҳои ҷойдошта барои бевосита ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратӣ байни давлатҳо заминаҳо пайдо шуданд. Муносибатҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ва Қазоқистон хеле босуръат меафзуданд. Тамоми монеаҳои садди роҳи ҳаракати молҳои ду давлат бардошта шуда буданд. Роҳбарони ин ду давлат барои ҳарчи бештар фароҳам овардани имконияти гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва дар асоси он устувор намудани қадамҳои худ баҳри ворид шудан ба бозори ҷаҳонӣ тамоми тадбирҳоро меандешиданд.

10 январи соли 1994 байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон созишномаи бунёди фазои ягонаи иқтисодӣ ба имзо расид. Дере нагузашта, ба ин созишнома Ҷумҳурии Қирғизистон низ ҳамроҳ шуд.

Дар изҳороти дар Алмаато аз 8 июли соли 1994 баённамуда сарварони се давлати номбурда ба як қарор омаданд, ки барои ҳамоҳангсозӣ ва наздикшавии қонунгузории миллӣ фавран дар сатҳи парламентҳо гурӯҳи корие таъсис дода шавад, ки баҳри ҳифзи муҳити табиат қувваҳоро муттаҳид намуда, барои ҳарчи беҳтар намудани вазъи экологии ҳавзаи баҳри Арал тадбирҳои зарурӣ андешанд.

пешина
аз 785
навбатӣ