Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҷумҳурии Қирғизистон молҳоро ба ватани худ бидуни пардохҳои гумрукӣ ворид намуда, оҳиста-оҳиста таъсири манфии худро ба иқтисодиёти мамлакат мерасонанд.
§ 10.2. Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ
Мутобиқи Протокол аз 26 марти соли 1998 "Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба "Аҳдномаи таъсиси фазои ягонаи иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон" аз 30 апрели соли 1994, Тоҷикистон ба узвияти комилҳуқуқи Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ қабул гардид, фаъолияти худро дар ин Ҷомеа оғоз намуд. Ҳайатҳои он дар ҳама ҷаласаҳои доиргардидаи Шӯрои байнидавлатӣ ва Шӯрои Сарвазирони Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд. Бинобар ин тасодуфӣ нест, ки дар ҷаласаи дар шаҳри Бишкек доиргардидаи Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ қарор қабул карда шуд, ки Шӯрои навбатии байнидавлатӣ ва Шӯрои Сарвазирони ин ҷомеа дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилидавлатии ҳамроҳшавӣ ба ҳуҷҷатҳои қабанда дар доираи Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ қабулгардидаро, ки ба манфиатҳои ҷумҳурии мо мебошанд, анҷом дод. Аз ҷумла, Тоҷикистон ба созишномаҳо ва аҳдномаҳои марбут ба танзими раванди муҳоҷирати аҳолӣ, танзими сиёсати тарифӣ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳамгироии сиёсати зиддиинҳисорӣ (зиддимонополӣ), шароит барои ҳаракати озоди қувваи корӣ, кооператсияи истеҳсолӣ, дар бораи корҳои муштарак оид ба реабилитатсияи (офиятбахшии) майдонҳои нигоҳдории партовҳои истеҳсолот ва маъданҳо, истифодаи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва об, сохтмон, истифодаи хатҳои интиқоли газ, рушди илмию технологӣ, ташаккул ва мақоми ҳуқуқии барномаҳои байнидавлатии илмию технологӣ ва ғайра ҳамроҳ шудааст. Дар маҷмӯъ Тоҷикистон ба бештар аз 40 аҳдномаю созишномаи байнидавлатӣ ҳамроҳ шудааст. Тоҷикистон соли 1999 ба узвияти Бонки ҳамкорӣ ва рушди Осиёи Марказӣ (ЦАБСиР) қабул гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо