Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳуҷҷатҳои дар доираи Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ ба кишварҳои узви ин ҷомеа имкон доданд, ки шартҳои аҳдномавию ҳуқуқиро барои дар соҳаҳои афзалиятнок таъсис додани корхонаҳои муштарак ва иттиҳодияҳои истеҳсолӣ ташаккул диҳанд. Ҳоло дар Қазоқистон 48 корхонаи муштараки қазоқию киргизӣ, 10 корхонаи муштараки қазоқию тоҷикӣ ва 92 корхонаи муштараки қазоқию ӯзбекӣ, дар Қирғизистон - 197 корхонаи муштараки киргизию қазокӣ, 8 корхонаи муштараки киргизию тоҷикӣ ва 62 корхонаи муштараки киргизию ӯзбекӣ, дар Тоҷикистон 1 корхонаи муштараки тоҷикию қазокӣ, 3 корхонаи муштараки тоҷикию ӯзбекӣ ва 1 корхонаи муштараки тоҷикӣ-қазокӣ-ӯзбекӣ, дар Ӯзбекистон - 38 корхонаи муштараки ӯзбекию қазокӣ, 22 корхонаи муштараки ӯзбекию киргизӣ ва 15 корхонаи муштараки ӯзбекию тоҷикӣ, ҳамчунин корхонаҳои фаръии муштарак дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолият менамоянд.
Масоҳати умумии давлатҳои фазои ягонаи иқтисодии Осиёи Марказӣ 3,5 млн. метри мураббаъ буда, он 18%-и масоҳати давлатҳои ИДМ-ро ташкил медиҳад ва дар ин минтақа қариб 51 млн. нафар ё 18%-и аҳолии ИДМ зиндагӣ мекунад. (Ҷадвали №17)
Ҷадвали №17
Масоҳат ва шумораи аҳолии давлатҳои Ҷомеаи иқтисодии Осиёи Марказӣ ва афзоиши он дар солҳои 1994-2001,
(ҳазор нафар)
| Масоҳат | Аҳолӣ | % с.2001 нисбати с.1994 | % с.2001 нисбати с.1998 |
|---|---|---|---|---|---|
| 1994 | 1998 | 2000 | 2001 |
| Қазоқистон | 2717,0 | 15956,7 | 15188,0 | 14896.1 | 14841,9 | 93,0 | 97.7 |
| Қирғизистон | 198,5 | 4554,7 | 4756,0 | 4867,0 | 4936,2 | 108.4 | 103.8 |
| Тоҷикистон | 143,0 | - | 6004,0 | 6123,6 | 6198,6 | | 103.2 |
| Ӯзбекистон | 447,4 | 22562,4 | 23867,0 | 24488,0 | 24813,1 | 110,0 | 104.0 |
| Ҳамагӣ-ҶИОМ | 3505,9 | 43073,8 | 49815,0 | 50374,7 | 50689.8 | 117,7 | 101,7 |
Бо ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷомеа шумораи аҳолии он зиёда аз 6 млн. нафар афзуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо