Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷиҳати масоҳат ва шумораи аҳолӣ давлатҳои аъзои фазои ягонаи иқтисодӣ аз якдигар куллӣ фарқ мекунанд. Агар аз ҷиҳати бузургии масоҳат Ҷумҳурии Қазоқистон (2717,0 ҳазор км мураббаъ) дар ҷои аввал бошад, пас Тоҷикистон (143,1 км мураббаъ) ҷои чорумро ишғол менамояд. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ бошад, Ҷумҳурии Ӯзбекистон (24,1 млн. мувофиқи барӯйхатгирии соли 1998) дар байни давлатҳои аъзои фазои иқтисодӣ ҷои аввал, Қазоқистон (15 млн.) ҷои дуюм, Тоҷикистон (6,2 млн.) ҷои сеюм ва Қирғизистон (4,8 млн.) ҷои чорумро ишғол менамояд.

Аз ҷиҳати захираҳои табиӣ Осиёи Марказӣ аз нафту газ, металлҳои сиёҳ, ранга ва қиматбаҳо, захираҳои гидроэнергетикӣ ба қатори бойтарин минтақаҳои дунё дохил карда мешавад. Дар чор давлати он (бидуни Туркманистон) захираҳои карбогидратҳо чунон бисёранд, ки бо кашф намудани ин конҳо Осиёи Марказӣ дар асри XXI дар ҷаҳон ба яке аз минтақаҳои бузурги содиркунандаи карбогидратҳо табдил мегардад. Осиёи Марказӣ аз давраҳои пеш аз ҷиҳати истеҳсоли тамоми намудҳои маводи хӯрока ва озуқаворӣ дар ҷаҳон машҳур буд. Табиат барои мардуми ин минтақа заминҳои ҳосилхез, обҳои зулол, даштҳои беканор, дараҳои пурфайз, боду ҳавои мусоид барои рӯёнидани ғалла, пахта, парвариши чорво, меваю сабзавот офаридааст.

13-14 июни соли 2000 мувофиқи нақшаи ду сол қабл тасдиқшуда ҳайатҳои расмии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон таҳти сарварии президентҳои ин кишварҳо ба Тоҷикистон ташриф оварданд. 15 июни соли 2000 дар рафти вохӯрии ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Қазоқистон якчанд ҳуҷҷатҳои байнидавлатӣ ба имзо расиданд. Президенти Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов дар ҷамъбасти вохӯрӣ махсус қайд намуд, ки "Мо чунин ҳисоб менамоем, ки самтҳои ҳамкорӣ дар ҳамгироии байнидавлатҳо беҳад зиёданд. Барои дар ҳаёт пурра татбиқ намудани онҳо пеш аз ҳама, иродаи қавӣ ва ҳавасмандии иқтисодӣ лозим аст".

Дар рафти ин вохӯрӣ сарварони 4 давлати Осиёи Марказӣ барномаи дусолаи чораҷӯӣ оид ба суръатбахшии ҷараёни бунёди

пешина
аз 785
навбатӣ