Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
терроризм, сепаратизм ва экстремизми байналмилалӣ имкониятҳои нав кушод. Барпо шудани чунин марказ барои фаъолияти сохторҳои минтақавии зиддитеррористӣ дар доираи панҷгона дар мубориза бо ҷиноятҳои нақлиёти сарҳадӣ шароити мусоид фароҳам оварда, бешубҳа дар мустаҳкам кардани сулҳу бехатарӣ дар минтақа саҳми калон мегузорад.
Хитой ва Россия - ду кишвари бузурги абарқудрат дар қитъаи Евразия буда, ҳамчун аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ на танҳо кафили пойдории сулҳ дар минтақа, балки кафили инкишофи боэътимод ва таҳкими ҳамкории ҳамаи давлатҳои иштироккунандаи форум ба ҳисоб мераванд. Дастгирӣ кардан ва инкишоф додани робитаҳои неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни панҷ давлат барои ҳифзи оромӣ ва устуворӣ дар минтақа ва дар тамоми ҷаҳон аҳамияти бағоят фавқуллода дорад. Механизми "Панҷгонаи Шанхай" маҳз барои ин мақсадҳо равона карда шудааст.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳое, ки манфиатҳои умумро ифода мекунанд, баррасӣ шуданд. Пеш аз ҳама, амалӣ шудани созишномаҳои имзошуда доир ба тадбирҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ, кам кардани қувваҳои мусаллаҳ дар мавзеъҳои сарҳади умумӣ, ки ба таъмини бехатарӣ ва устуворӣ дар минтақа равона гардидааст. Дар доираи амалӣ шудани ин ҳуҷҷатҳо гуфтушунидҳои пурсамар, вохӯриҳои корӣ ва маслиҳату машварат байни намояндагони идораҳои салоҳиятдор, ки дар рафти онҳо самтҳои асосии ҳамкории кишварҳои аъзои "Панҷгона" дар соҳаҳои гуногун муайян карда шуданд, доир гардиданд. Ба кори институти ҳамоҳангсозони миллии "Панҷгонаи Шанхай", ки аллакай ташаккул меёфт, баҳои мусбат дода шуд. Ин минбаъд ба давлатҳои иштирокчии Форум имконият медиҳад, ки муносибатҳои худро доир ба ҳар масъала зуд ва сари вақт ҳамоҳанг созанд.
Вохӯрии сарварони давлатҳо дар Душанбе вохӯрии панҷумин дар доираи «Панҷгона» буд. Президентони Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Сзян Сзэмин Созишномаи сеҷонибаро доир ба нуқтаи пайвасти сарҳади давлатӣ имзо карданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо