Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар ин вохӯрӣ сарварони давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай"
"Эъломияи Душанбе"-ро қабул намуданд.

Дар "Эъломияи Душанбе" махсус қайд карда шудааст, ки давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" ба манфиатҳои кулли халқҳои панҷ давлат, тамоили имрӯзаи ташаккули ҷаҳони дорои гурӯҳҳо ва созмонҳои гуногун, ҷорӣ намудани тартиби нави одилонаю оқилонаи сиёсӣ ва иқтисодии байналхалқӣ, густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамёрии ҳамаҷониба дар доираи "Панҷгонаи Шанхай" дар заминаи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ изҳори боварӣ кунанд.

Ба ҷидду ҷаҳди умумии мамлакатҳояшон барои идомаи муносибатҳои дӯстона, ки аз насл ба насл мегузарад, ҳалли ҳамаи масъалаҳо дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, баробарҳуқуқӣ ва манфиати тарафайн бо роҳи машварат такя намуда, садоқати худро ба мазмуну мундариҷа ва ҳадафҳои ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни ҳамаи мулоқотҳояшон сарварони панҷ давлат имзошуда, инчунин ҳамаи қарордоду созишномаҳои дуҷониба, иброз доштанд. Масъалаҳои вазъияти имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории ҳамаҷонибаро дар соҳаҳои ба манфиатҳои умумиашон мувофиқ мавриди баррасӣ қарор дода, чунин изҳор намуданд:

тарафҳо аз густариши муносибати давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" изҳори қаноатмандии амиқ намуда, чунин мешуморанд, ки дар бобати таҳкими боварӣ ба ҳамдигар ва ҳамкорӣ натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шудаанд ва давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" дар бобати таъмини амнияту суботи минтақа торафт бештар саҳм гузошта, ба тараққиёт ва рушди якҷояи мамлакатҳои мазкур мусоидат менамоянд. Онҳо дар бобати ба созмони минтақавии ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои гуногун табдил ёфтани "Панҷгонаи Шанхай"
ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард;

тарафҳо иброз медоранд, ки ба минтақаи сулҳ, ҳусни ҳамҷаворӣ,
вазъияти босубот ва ҳамкории баробарҳуқуқи байналхалқӣ табдил
ёфтани Осиёи Марказӣ манфиатдор ҳастанд ва ба ҳар гуна муноқиша,
таҳдид ва даҳолати хориҷӣ, ки вазъияти минтақаро муташанниҷ
гардонда метавонад, муқобил мебошанд. Тарафҳо бо назардошти ин ва
вазъияти геополитикии минтақа ва атрофи он азми қавӣ доранд, ки
ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, низомӣ,
ҳарбию техникӣ ва ғайра бо мақсади таҳкими амният ва вазъи босуботи
минтақа густариш диҳанд;

пешина
аз 785
навбатӣ