Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
тарафҳо қайд менамоянд, ки паймонҳои дар соҳаи танзими
масъалаҳои сарҳад ва боварии ҳарбӣ бадастовардаи панҷ мамлакат
фаҳмиши нави амниятро ифода менамояд, ки асоси онро боварӣ ба
ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ ташкил дода, ба тақвияти ҳусни
тафоҳум ва ҳусни ҳамҷаворӣ мусоидат карда, дар бобати таъмини
суботи вазъияти минтақа саҳми арзанда мегузорад. Онҳо азми қавӣ
доранд, ки ҳамаи нуқтаҳои созишномаҳои панҷ давлатро дар бобати
таҳкими боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ба таври мутақобила кам кардани
қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад бе чуну чаро амалӣ созанд, ки
солҳои 1996 дар Шанхай ва соли 1997 дар Маскав имзо шуда, бори
аввал дар сарҳад минтақаҳои эътимод ва рамзиро ба вуҷуд оварда,
имконияти пешгӯӣ ва таҳти назорат гирифтани фаъолияти ҳарбиро дар
минтақаи сарҳади дарозиаш зиёда аз ҳафт ҳазор километр, амри воқеӣ
мегардонанд;
тарафҳо бо қаноатмандӣ оғози муваффақонаи фаъолияти
гурӯҳҳои муштараки назорати панҷ мамлакатро, ки ба роҳ андохтан ва
ҳамоҳанг сохтани фаъолияти тафтишотиро таъмин менамояд, зикр
мекунанд, онҳо истифодаи имкониятҳои ин гурӯҳро инчунин барои
баррасии масъалаҳои вобаста ба таҳкими боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ зарур
мешуморанд;
тарафҳо ҷонибдори андешидани тадбирҳои муассир дар ин самт,
аз ҷумла, гузаронидани машқҳои муштарак мебошанд, ки ҳадафи онҳо
пешгирии фаъолияти хавфноки ҳарбӣ, иваз кардани таҷрибаи ҳамкорӣ
дар амалиёти ҳифзи сулҳ, гузаронидани конфронсҳо, семинарҳо,
симпозиумҳо ва мусобиқаҳои варзишии муштарак мебошанд. Онҳо бар
он ақидаанд, ки тақвияти минбаъдаи боварӣ ба ҳамдигар ва ҳамкории
дӯстонаи панҷ давлат дар соҳаи ҳарбӣ барои муттаҳид сохтани ҷидду
ҷаҳди ҳамдигар дар бобати ҳифзу сулҳу суботи минтақа, гузаронидани
машваратҳои вазирони мудофиа ва сохторҳои мудофиавии давлатҳои
узви "Панҷгонаи Шанхай", ба мақсад мувофиқ бошанд;
Тарафҳо изҳор доштанд, ки ба муқобили терроризми
байналхалқӣ, иғвогарии динӣ ва ҷудоиандозиҳои миллӣ, ки ба амният,
вазъияти босубот ва рушди минтақа хавфи ҷиддӣ дорад, ҳамчунин ба
муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии аслиҳаву маводи мухаддар,
муҳоҷирати ғайриқонунӣ якҷоя мубориза баранд. Панҷ давлати узви
"Панҷгонаи Шанхай" бо ин мақсад дар ояндаи наздик барномаи
дахлдори бисёрҷониба таҳия карданд. Дар бораи ҳамкорӣ қарордоду
созишномаҳои бисёрҷонибаи зарурӣ имзо карданд. Онҳо қатъиян изҳор
намуданд, ки ба истифодаи қаламрави давлаташон барои амалҳое, ки ба
истиқлолият, амният ва тартиботи ҷамъиятии ҳар давлати узви
"Панҷгонаи Шанхай" таҳдид менамояд, роҳ нахоҳанд дод. Тарафҳо дар
бобати густариши ҳамкории мақомоти муҳофизати қонун ва хадамоти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо