Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
махсуси давлатҳояшон дар доираи гурӯҳи дар Бишкек ташкилёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд ва ташаббуси Ҷумҳурии Қирғизистонро дар бораи ташкили сохтори минтақавии зидди террористии дар шаҳри Бишкек ҷойдошта, дастгирӣ карданд; тарафҳо мақсаду принципҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳидро қотеъона ҷонибдорӣ карда, ҷидду ҷаҳди ҳамдигарро дар бобати ҳифзи мустақилият, соҳибихтиёрӣ, якпорчагии қаламрав ва суботи вазъияти иҷтимоии давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай"
дастгирӣ карданд. Онҳо садоқати худро ба принципи эҳтироми ҳуқуқи инсон эълом дошта, таъкид намуданд, ки истифодаи принципи мазкур набояд ба принципҳои дигари аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналхалқӣ, мухолиф бошад.
Давлатҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" изҳор карданд, ки кӯшишҳои Ҷумҳурии Халқии Хитойро дар бобати таъмини якпорчагии қаламрави мамлакат мувофиқи принципи "Хитойи ягона" дастгирӣ менамоянд; тарафҳо бо назардошти таҳдидҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои дигаре, ки ҷаҳони имрӯза бо онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, таъкид карданд, ки ба нақши рӯафзуни Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун воситаи ягонаи таъмини сулҳу суботи байналхалқӣ мусоидат хоҳанд кард; тарафҳо зарурати ҳатмии нигоҳ доштан ва риоя кардани созишномаи соли 1972 имзошударо дар бораи воситаҳои мудофиа аз ҳуҷуми ракетаҳо таъкид менамоянд, ки бунёди системаҳои мудофиа аз ҳуҷуми ракетаҳоро дар қаламрави ҳар мамлакат манъ менамояд. Ин аҳднома шарти асосии таъмини вазъияти босуботи стратегӣ ва асосии дар оянда кам кардани аслиҳаи стратегии ҳуҷум мебошад; тарафҳо изҳор карданд, ки аҳдномаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, ки 30 солагии имзои он имсол қайд карда мешавад, хавфи ба миён омадани муноқишаи ядроиро хеле кам кард. Онҳо ба тарафдории моҳияти ҳақиқатан ҳамаҷониба пайдо кардани аҳдномаи мазкур ақида изҳор намуданд; тарафҳо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бобати минтақаи беаслиҳаи ядроӣ эълон кардани Осиёи Марказӣ дастгирӣ карда, чунин мешуморанд, ки аҳдномаи дар ин масъала имзошаванда бояд ба принципҳо ва меъёрҳои ҳуҷҷатҳои қабулшуда мувофиқат кунад; тарафҳо вобаста ба идома ёфтани муқовимати ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон, ки ба амнияти минтақа ва саросари ҷаҳон таҳдид мекунад, изҳори ташвиши ҷиддӣ намуданд. Онҳо кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва нақши муосири онро дар бобати бо роҳҳои сиёсӣ бартараф сохтани муноқишаи Афғонистон дастгирӣ намуда, ҳамаи тарафҳои даргири ин мамлакатро даъват мекунанд, ки ба ҷанг хотима дода, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳо сари мизи музокира нишинанд; тарафҳо раванди сулҳ ва истиқрори созгории миллиро дар Тоҷикистон эътироф карда, роҳи пешгирифтаи роҳбарияти мамлакатро, ки ҳадаф аз он иҷрои вазифаҳои барқарорсозии баъди ҷанг ва боз ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо