Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тараққӣ додани иқтисодиёт, ривоҷи тартиботи демократӣ ва дигаргунисозиҳои иқтисодию иҷтимоӣ аст, дастгирӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳонро даъват карданд, ки ба рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки зарурӣ расонанд;
тарафҳо машварати оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимод дар Осиёро ҳамчун раванди мусбат дар қитъаи Осиё арзёбӣ карданд;
тарафҳо дар асоси усулҳои баробарҳуқуқ ва ҳамкории судманд ҷиҳати ба роҳ мондан ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла, ҳалли масъалаҳои беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ дар мамлакатҳояшон, барои шаҳрвандон ва корхонаҳои мамлакатҳои дигари узви "Панҷғонаи Шанхай" фароҳам овардани шароити мӯътадили хоҷагидорӣ, ҳамаҷониба мусоидат мекунанд. Ба фикри онҳо амалӣ намудани ташаббусҳои Қазоқистон дар бораи доир кардани мулоқоти сарварони ҳукуматҳои панҷ мамлакат ба ин мақсадҳо пурра ҷавоб мегӯяд. Инчунин манфиатдории Ҷумҳурии мардумии Хитойро оид ба иштироки фаъолонаи Россия ва мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар ободонии минтақаҳои Ғарбии Хитой тарафдорӣ менамоянд.
Барои истифодаи пурсамари нерӯи энергетикӣ мамлакатҳои узви "Панҷғонаи Шанхай" ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетика дар асоси манфиати мутақобила омили муҳими таъмини пешрафт дар минтақа буда, ба тамоми давлатҳои узви "Панҷғонаи Шанхай" имконият медиҳад, ки ҳамкории бисёрҷонибаро мустаҳкамтар кунанд;
тарафҳо ба ривоҷи ҳамкории давлатҳои узви муоҳида дар соҳаи фарҳанг мусоидат намуда, гузаронидани мулоқоти вазирони фарҳанги мамлакатҳои узви муоҳидаро зарур мешуморанд;
тарафҳо ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, истифодаи об дар минтақа эътибори ҷиддӣ дода, дар ин соҳа дар заминаи дуҷониба ва бисёрҷониба ҳамкорӣ мекунанд;
тарафҳо ба инкишофи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии мамлакатҳои узви муоҳида аҳамияти бештар дода, гузаронидани машваратҳои ҳарсолаи вазирони корҳои хориҷиро барои муҳокимаи масъалаҳои инкишофи ҳамкории панҷ давлат дар тамоми соҳаҳо, баррасии проблемаҳои байналхалқӣ ва муайян намудани роҳҳои муштаракро лозим мешуморанд;
тарафҳо ба мақсади ҳамгироӣ ва ҳалли фаврии масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Форум ба ҳамоҳангсозии миллӣ, ки дар ҳар мамлакати узви муоҳида таъин мешаванд, ҳамаҷониба кӯмак карда, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозони миллиро ҷонибдорӣ мекунанд;
тарафҳо собит менамоянд, ки ҳамкории панҷ мамлакат ба муқобили давлатҳои дигар равона нашудааст ва ҳар мамлакат метавонад ба он ҳамроҳ шавад. Онҳо дар барномаю лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкории давлатҳои узви Форум ширкат варзидани кишварҳои дигари манфиатдорро дар сатҳи байнидавлатӣ, тарафдорӣ мекунанд.

пешина
аз 785
навбатӣ