Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Баъд аз як сол мулоқоти навбатии сарварони кишварҳои узви "Панҷгонаи Шанхай" ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Шанхай баргузор гардид.
Дар ин мулоқот ду воқеаи басо муҳим рӯй дод. Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба узвияти "Панҷгонаи Шанхай" пазируфта шуд ва ин "Панҷгона" ба Созмони ҳамкории Шанхай табдил дода шуд.
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Сзян Сзмин, Президенти Россия В.Путин, Президенти Қазоқистон Н.Назарбоев, Президенти Қирғизистон А.Акаев, Президенти Тоҷикистон Э.Раҳмонов ва Президенти Ӯзбекистон И.Каримов 15 июни соли 2001 дар меҳмонхонаи Шангри-Ла Эъломияи таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро имзо намуданд.
Дар Эъломия аз ҷумла омадааст:
Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созмони ҳамкории Шанхайро таъсис медиҳанд.
Мақсадҳои Созмони ҳамкории Шанхай таҳкими боварии давлатҳои узви он, дӯстӣ ва муносибати неки ҳамсоягӣ, дастгирии ҳамкории онҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳанг, маориф, энергетика, нақлиёт, экология ва ғайра ҷидду ҷаҳди муштарак барои пойдорӣ ва таҳкими сулҳу амният, суботи вазъият дар минтақа, ҷорӣ намудани тартиботи нави демократӣ, одилона ва сиёсию иқтисодии байналхалқӣ мебошанд.
Сарварони узви Созмони ҳамкории Шанхай таҷрибаи гузаштаро ҷамъбаст карда, нақшаҳои ояндаро баррасӣ намуда, изҳори боварӣ мекунанд, ки таъсиси созмон марҳилаи нави равнақу ривоҷи ҳамкории давлатҳои узви созмонро ифода намуда, ба тамоилоти давраи ҳозира ҳамчунин воқеияти минтақа ва манфиатҳои кулли халқҳои ҳамаи давлатҳои узви созмон комилан мувофиқ мебошад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо