Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
БОБИ XII. ИҚТИДОРИ ИҚТИСОДИЁТИ ҶАҲОН
Иқтисодиёти ҷаҳон бевосита аз иқтисодиёти давлатҳои алоҳидаи дунё, ба захираю имкониятҳои иқтисодии тамоми давлатҳои ҷаҳон вобастагӣ дорад.
Захираҳои иқтисодии тамоми дунёро иқтисодшиносон вобаста ба маврид ва дараҷаи истифодаашон ба се гурӯҳи зерин тақсим кардаанд:
• захираҳои табиӣ;
• захираҳои меҳнатӣ;
• захираҳои сармоявӣ ё молиявӣ.
Ин се гурӯҳи захираҳо иқтидору тавоноии иқтисодиёти давлатҳои алоҳида, қитъаҳои дунё ва дар маҷмӯъ иқтидори иқтисодиёти ҷаҳонро таҷассум менамоянд. Барои осон шудани омӯзиш мо кӯшиш намудем, ки қисми таркибии ҳар яке аз ин захираҳоро вобаста ба дараҷаи истифода ба Шумо соддатар шарҳ диҳем.
§ 12.1. Захираҳои табиии ҷаҳон
Бо мурури замон дар тӯли миллионҳо сол дар курраи замине, ки имрӯз мову Шумо зиндагӣ ва умр ба сар мебарем, дар натиҷаи ҷараёнҳои табиӣ, кӯҳсорҳои азим, теппаву ҳамвориҳо, ҷангалу наботот, укёнусу баҳрҳо ба вуҷуд омадаанд. Дар ибтидо аҳолии курраи замин дар баробари истифода намудани меваю растанӣ, гӯшти парранда ва ҳайвонот аз сарватҳои бешумори зери замину об бештар тилло, нуқра, оҳан, мис, ангиштсанг, марворид ва сангҳои қиматбаҳоро истифода мебурду халос. Истеҳсолоти ҳамон давра бештар ба коркарди сарватҳои табиии дар боло зикргардида ва истеҳсоли силоҳи ҷангӣ равона гардида буд. Бо мурури замон аз асрҳои V ва VI солшумории мелодӣ сар карда, дар заминаи илми он давра ба истеҳсоли борут, нафти ба қабати болои замин баромада, зарфҳои сафолин, шишагин, истеҳсоли коғаз, матоъҳои пахтагӣ, абрешимӣ, пашмин шурӯъ намуданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо