Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳамин тариқ, инсон аз сирру асрори табиат огоҳ шуда, оҳиста-оҳиста дар натиҷаи омӯзишҳои зиёд ва такрор ба такрор захираҳои табиии навро ошкор менамуд. Асри XX бо кашфиёти бузурги илмие, ки инсонро то ба моҳ бурда расонд, фарқ мекунад. Дар ин давра комёбиҳои илмию техникӣ кашф намудани захираҳои табиии оламро чунон тезонид, ки мислашро таърихи гузаштаи бистасраи инсоният надидааст. Аз чашми одам қариб ягон сирри табиат пинҳон ва ноаён намонда буд. Дар натиҷаи таҳқиқоту таҳлили бисёрсолаи охири асри XX ҳаҷми захираҳои табиии дар ҷаҳон мавҷудбуда муайян карда шуд.

Захираҳои табиӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон, таркиби биологӣ ва дараҷаи фоиданокиашон ба якчанд гурӯҳҳо тақсим карда мешаванд:

• захираҳои энергетикӣ;
• сарватҳои зеризаминӣ;
• захираҳои обӣ;
• захираҳои ҷангал (чӯбу тахта);
• захираҳои биологӣ (наботот ва ҳайвонот);
• захираҳои минералӣ (канданиҳои фоиданок);
• захираҳои иқлимӣ;
• захираҳои рекреатсионӣ.

Бояд зикр намоем, ки захираҳои зиёди табиии давлатҳои алоҳида то соли 1950 сабабгори мусибати халқҳои он кишварҳо мегардид. Бисёр давлатҳои аз ҷиҳати ҳарбӣ пуриқтидори Европа ба мисли, Англия, Франция, Германия, Португалия, Италия, Нидерландия бинобар захираҳои зиёди табиии давлатҳои қитъаи Африка, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон ва ғайраро, дар натиҷаи экспансияи ҳарбӣ аҳолии ин кишварҳоро чандин асрҳо истисмор намуда, тамоми боигарии ин кишварҳоро ба ватани худ кашида бурданд. Дар асоси захираҳои табиии давлатҳои номбурда дар Европа тамоми соҳаҳои истеҳсолоти коркарди ашёи хомро ба роҳ монда, барои ҳарчи бештар дароз намудани давраи истисмори онҳо дараҷаи пасти иқтисодиёт ва зиндагии мардуми давлатҳои мустамликаро ба таври сунъӣ нигоҳ медоштанд. Баъд аз Ҷанги

пешина
аз 785
навбатӣ