Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
дуюми ҷаҳон дар натиҷаи муборизаҳои озодихоҳанаи мардуми давлатҳои мустамлика, шароити ба нафъи миллати худ истифода бурдани захираҳои табиии давлатҳои аз мустамлика озодшуда муҳайё гардид. Аммо бояд қайд намоем, ки ин давра он қадар дер давом накард. Бисёр давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон бо мақсади арзон намудани арзиши аслии мол роҳи истифодаи захираҳои табиии мамлакати худро пеш гирифтанд. Дар баробари ин пешрафти илмию техникӣ соҳаҳои нави истеҳсолоти сарфакунандаи ашёи хомро ба вуҷуд овард. Чунин пешрафт боиси он гардид, ки дар даҳсолаҳои охири асри XX якчанд давлатҳои Осиё, ба монанди Япония, Кореяи Ҷанубӣ, Сингапур, Таиланд, Малайзия бо вуҷуди дар ҳудуди мамлакаташон маҳдуд будани захираҳои ашёи хоми табиӣ ба комёбиҳои бузурги иқтисодӣ ноил гардиданд.
Аммо ин маънои онро надорад, ки бе захираҳои табиӣ аз солҳои аввали асри XXI сар карда, пешрафти иқтисодиёт ва дараҷаи миёна ё баланди зиндагии мардумро таъмин кардан имконпазир аст. Баръакс, захираҳои табиии зиёд ва ба осонӣ истихроҷшаванда боиси дар бозорҳои ҷаҳонӣ бештар шинохта шудани ин давлат, пайдо намудани обрӯ ва эътибори зиёд мегардад. Таҷрибаи солҳои охири асри XX нишон дод, ки баъзе давлатҳои араб танҳо бо истифодаи нафти хоми сарзаминашон тамоми бозорҳои ҷаҳонро азхуд карда, дар миқёси ҷаҳон сатҳи баландтарини зиндагиро барои миллати хеш муҳайё намуданд.
Дар курраи Замин нобаробар ҷойгир будани захираҳои минералӣ боиси махсусгардонии истеҳсолот ва ба бозори ҷаҳонӣ аз тарафи давлатҳои алоҳида ба фурӯш баровардани номгӯи начандон зиёди молҳои истеъмолӣ гардид. Масалан, маҳсулоти асосии содиротии Гана — какао, Гвинея — маъдан ва концентрати оҳан, Миср — пахта, нахи пахта ва собун, Камерун — чӯбу тахта, маҳсулоти чӯбӣ, Мадагаскар — қаҳва, меҳчагул, Куба — шакар, сигарет ва меваҳои субтропикӣ, Марокаш — собун, пӯки шиша, давлатҳои араб — нафти хом мебошад.
Албатта, номгӯи молҳои содиротии давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамудаи ҷаҳон дар асоси истифодаи захираҳои

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо