Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
табиии мамлакати худ ва маводи хоми давлатҳои рӯ ба инкишоф нисбат ба давлатҳои дар боло зикрёфта хеле зиёд буда, ин давлатҳо бо маҳсулоти нимтайёр ва номгӯи зиёда аз даҳ ҳазор молҳои саноатӣ ва кишоварзӣ бозорҳои тамоми дунёро забт намудаанд. Таҷҳизот ва машинолоти технологӣ, молҳои электронӣ, мошинҳои сабукрав, роботҳо барои саноати вазнин ва дақиқ, номгӯи зиёди молҳои рӯзгор, асбобҳои ошпазхона, таҷҳизоти истироҳатгоҳҳо, киштиҳо, ҳавопаймоҳои ШМА машҳур гашта, аз ҷиҳати сифат, дараҷаи баланди эстетикӣ ва таъмини бехатарӣ ҳамто надоранд.
Ҳамин тариқ, як гурӯҳи давлатҳо бо ашёи хом, гурӯҳи дигар бо маҳсулоти кишоварзӣ, гурӯҳи сеюм бо молҳои саноатии худ бо ҳам тиҷорат намуда, ба пешрафти иқтисодиёти якдигар мусоидат менамоянд. Лекин бояд зикр намуд, ки солҳои охири асри XX бинобар азхуд намудани захираҳои табиии мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон (ШМА, Канада, Австралия, Норвегия) ва инкишоф ёфтани саноати давлатҳои рӯ ба инкишоф (Ҳиндустон, Покистон, давлатҳои Африка) ҳаҷми фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда сол аз сол кам шуда истодааст.
Масалан, дар даҳсолаҳои охири асри XX дар бозори ҷаҳонӣ аз ҳаҷми солонаи истеҳсоли маъдани оҳан тахминан 70%, марганец 60%, алюминий 50%, нафт 50%, ангишсанг ва газ 11,5%, маҳсулоти чӯбу тахта 34%, қаҳва 83%, гандум 11% ба фурӯш расонида шудааст. Ин нишондиҳандаҳо сол аз сол ба пастравӣ тамоил доранд.
Ҷадвали № 20
Вазни қиёсии сӯзишворӣ, ашёи хом ва озуқаворӣ дар содироти ҷаҳонӣ (фоиз)
| Маҳсулоти содирот | 1985 | 1996 | 2000 |
|---|---|---|---|
| Ашёи хоми минералӣ ва сӯзишворӣ | 21,9 | 11,2 | 10,9 |
| аз ҷумла: | |||
| маъдан ва минералҳо | 3,7 | 3,1 | 2,9 |
| сӯзишворӣ | 18,2 | 8,1 | 8,0 |
| Маҳсулоти кишоварзӣ | 13,7 | 11,4 | 11,2 |
| аз ҷумла: | |||
| молҳои озуқа, нӯшокӣ, тамоку | 10,4 | 9,0 | 8,9 |
| ашёи хоми ғайриғизоӣ | 3,3 | 2,5 | 2,4 |

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо