Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Таҳлили ҳаҷми содироти сӯзишворӣ, ашёи хом, маҳсулоти хӯрокворӣ дар тӯли 15 соли охир дар ҷадвали №20 дар боло овардашуда гувоҳӣ медиҳад, ки ҳаҷми содироти онҳо сол аз сол тамоил ба пастравӣ дорад. Омилҳои чунин шароитго бавуҷудоваранда барои ҳар як гурӯҳи мол гуногун буда, зимнан сабабҳои хоси худро доранд.

Масалан, сабаби ду баробар кам шудани ҳаҷми маҷмӯи сӯзишворӣ дар ин давра нисбат ба ҳаҷми содироти ҷаҳонӣ аз истифодаи таҷҳизоти кӯҳнаи сермасраф даст кашида, ба истифодаи таҷҳизоти нави пешқадами каммасраф гузаштани давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон, тараққӣ додани соҳаи энергетикаи атомӣ, яку якбора аз 8 доллари ШМА дар соли 1998 то ба 35 доллари ШМА дар соли 2000 боло рафтани нархи як баррел нафт вобастагӣ дошт.

Кам шудани ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳаҷми содироти ҷаҳонӣ, яъне ба худтаъминкунӣ бо ғаллаи худ гузаштани давлатҳои аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ бузурги ҷаҳон - Хитою Ҳиндустон, ва ё ба ҷои маҳсулоти хоми наботот - истифодаи васеи нахҳои синтетикӣ ва пластмасса гузаштани давлатҳои Аврупои Ғарбӣ вобастагӣ дошт.

Маълум аст, ки ин тамоил дар даҳсолаҳои аввали асри XXI бинобар кашфиёти нави илмию техникӣ суръат гирифта, метавонад инсониятро аз истифодаи масалан, ангиштсанг, ки истеҳсол ва интиқоли он заҳмат, хатар ва харҷи зиёдро талаб мекунад, озод намояд.

Тадқиқотҳои геологии солҳои охири асри XX аниқ намуданд, ки захираҳои сӯзишвории минералӣ дар курраи замин зиёда аз 12,5 триллион тоннаро ташкил мекунанд.

Ангиштсанг. Дар маҷмӯи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар ҷаҳон мавқеи аввалро ангиштсанг ишғол мекунад. Захираҳои умумии он 7,5 триллион тонна ё ин ки 60%-и ҳаҷми умумии захираҳои сӯзишвории минералиро ташкил менамояд.

Аз ин ҳаҷм 5 триллион тоннаи он дақиқ омӯхта шуда, имрӯзҳо дар 75 кишвари дунё, ки ҳаҷми захираи умумии онҳо 1,8 триллион

пешина
аз 785
навбатӣ