Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
тонна ангиштсанг мебошад, истеҳсоли он бо суръати баланд ҷараён дорад.
Калонтарин захираҳои ангиштсанг дар ҳудуди ШМА (445 млрд. т), Хитой (272 млрд. тонна), Россия (200 млрд. тонна), Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ (130 млрд. тонна), Германия (100 млрд. тонна), Австралия (90 млрд. тонна), Англия (50 млрд. тонна), Канада (50 млрд. тонна), Ҳиндустон (29 млрд. тонна), Полша (25 млрд. тонна), Қазоқистон (18 млрд тонна), Қирғизистон (1,4 млрд. тонна), Ӯзбекистон (1,9 млрд. тонна) мавҷуд ҳастанд.
Бояд қайд кунем, ки дар асри ХХ вобаста ба ҳаҷми истифода дар байни захираҳои сӯзишворӣ ангиштсанг ҷои аввал, нафти хом ва гази табиӣ ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол мекунанд. Дар ин давра агар аз се ду ҳиссаи қувваи барқ дар асоси истифодаи ангиштсанг ба даст оварда шуда бошад, пас 5-6%-и қувваи барқ дар нерӯгоҳҳои обӣ ва атомӣ ҳосил карда шудааст.
Дар даҳсолаҳои аввали асри XXI низ маълум аст, ки ангиштсанг ҳамчун яке аз манбаъи асосии истеҳсоли қувваи барқ ва сӯзишворӣ барои бештари аҳолии дунё боқӣ мемонад.
Мувофиқи ҳисобҳои мутахассисони соҳаи геология, агар истеҳсоли солонаи ангиштсанг дар ҳаҷми истеҳсоли 2000 солаи он, ки дар маҷмӯъ 5,7 миллиард тонна сӯзишвории шартиро ташкил намуда буд, давом дода шавад, пас захираҳои мавҷудаи қитъаи дунё тахминан ба 150 сол мерасанд.
Дар оғози асри XXI захираҳои ангиштсанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 4 млрд. тонна тахмин карда шудаанд. То имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 кони ангиштсанг ва як кони ангишти бӯр кашф шудааст, ки 13-тои онҳо бинобар мавқеи ҷойгиршавӣ ва ҳаҷми захираашон қобили коркарди саноатианд. Тоҷикон ангиштсангро аз давраҳои қадим дар рӯзгор ва дар истеҳсолот, хусусан дар оҳангарӣ истифода мебурданд.
Истеҳсоли саноатии ангиштсанг дар ҳудуди сарзамини тоҷикон аз соли 1903 инҷониб оғоз гардидааст. Дар музофоти Хуҷанд он солҳо шаш кони ангиштсанг, ки аз онҳо дар як сол 3,5 млн. пуд ангиштсанг истеҳсол мешуд, фаъолият мекарданд. Оҳиста-оҳиста дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо