Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

тӯли солҳои асри XX конҳои зиёде аз тарафи мутахассисони Саридораи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кашф карда шуданд. Имрӯз аз 29 кони ангишти кашфшуда ҳаҷми захираи табиии ҳамагӣ 7 кон (Шӯроб, Фон-Яғноб, Киштут-Зауран, Зиддӣ, Тошқутан, Назарайлоқ, Куртекин) муайян карда шудааст.

Ҳаҷми умумии захираҳои ин конҳо то 1 январи соли 2001-ум 1 млрд. тонна ангиштсангро ташкил медиҳад. Ҳаҷми захираи ангиштсанги 21 кони боқимонда бо сабабҳои дар ҷойҳои душворгузари кӯҳсори Тоҷикистон ҷойгир шуданашон пурра омӯхта ва дақиқ карда нашудааст.

Аз соли 1971 сар карда, то имрӯз аз конҳои дар боло номбаршуда, истеҳсоли ангиштсанги бӯр дар конҳои Шӯроб ва Яғноб хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи охири асри XX 800 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Бояд ёдовар шавем, ки солҳои 1980-90-ум истеҳсоли солонаи ангиштсанги кони Шӯроб ба 3 млн. тонна расида буд. Ангиштсанги ин конро дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ истифода мебурданд. Ангишти Шӯроб тавассути роҳи оҳан ба тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон фиристода мешуд.

Аз кони ангишти Анзоб бошад, ҳар сол дар ҳаҷми 10-15 ҳазор тонна ангиштсанг истеҳсол карда мешавад, ки қисми бештари он барои таъминоти эҳтиёҷоти Комбинати маъдантозакунии Анзоб истифода мегардад.

Кони Шӯроб дар ҳудуди ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар шимолии поёнҷои кӯҳсори Туркистон воқеъ гаштааст. Дар таркиби се шохаи кони Шӯроб (Шӯроб-1, Шӯроб-2 ва Самарқандак) аниқ карда шудааст, ки то 27 қабат ангиштсанг мавҷуд аст, ки ғафсии он 0,5-20 метр мебошад. Ҳаҷми умумии захираи кони Шӯроб 141,2 млн. тонна ва ҳаҷми маҳсули саноатии он 84,9 млн. тоннаро ташкил мекунад. Ангиштсанги Шӯроб аз ҷиҳати ҳарорати баланд ва пурра ба хокистар табдил шуданаш дар ҷаҳон ҳамто надорад.

Дар баробари вусъат додани корҳои тадқиқотӣ оид ба пурра аниқ намудани ҳаҷм ва мавқеи ҷойгирии кони Шӯроб дар

пешина
аз 785
навбатӣ