Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
наздикиҳои шаҳри Исфара ҷустуҷӯ ва таҳлили кони ангишти Қарчигӣ босуръат идома дорад.
Тадқиқоти охирин нишон доданд, ки захираҳои асосии ангиштсанги ин кон дар чуқурии 500 метр ҷойгиранд. Аз ин ҷиҳат, солҳои охир олимон ва мутахассисон дар фикри ба тариқи кушод ба роҳ мондани истихроҷи ангиштсанги ин кон мебошанд. Кони дигари ноҳияи Исфара - "Бурган" бо захираҳои зиёда аз 693,8 млн. тоннаи худ, ки як қисми он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо захираи 271,2 млн. т) ва қисми дигараш дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон (бо захираи 422,6 млн. т) ҷойгир шудааст, фарқ менамояд. Ғафсии қабати ангиштсанги ин кон дар зери замин 12,9-62,7 метрро ташкил мекунад. Ангиштсанги кони "Бурган" аз ҷиҳати сифат ва дараҷаи ҳарорат аз ангиштсанги кони Шӯробод ҳеҷ мондание надорад. Барои самаранок истифода бурдани ин кон истеҳсоли онро дар асоси бунёди корхонаи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати ду миллат ба роҳ монданд.
Кони дигаре, ки дар километри 12-уми шимоли шаҳри Ӯротеппа дар деҳаи Кеногази ноҳияи Ғончӣ воқеъ гаштааст, бо дарозии худ то қабатҳои чуқури кӯҳсори Зарафшон мерасад. Мувофиқи ақидаи баъзе олимон кони Кеногазро кони омехтаи давраи қадимаи Силурӣйск ҳисоб мекунанд.
Кӯҳсори Тоҷикистон бо захираҳои азими ашёи хоми минералии худ ҳамто надорад. Қуллаҳои сар ба фалак кашида, пиряхҳои доимӣ ва шароити душворгузари он ҳатто дар асри XX барои пурра омӯхтани тамоми ҳудуди Тоҷикистон имконият надоданд. Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин тадқиқотҳои зиёди геологӣ дар асоси конҳои кашфнамудаи авлоду аҷдодони мо дар ҳавзаи Зарафшон натиҷаҳои дилхоҳ доданд. Солҳои охири асри XX пурра муайян шудааст, ки дар ҳавзаи Зарафшон се кони ангиштсанг - "Моғиён", "Киштут-Зауран" ва "Фон-Яғноб" (Равот) вуҷуд доранд. Аз 900 млн. тонна захираи умумии ангиштсанги ин конҳо 550 млн. тоннаи он ангиштсанги саноатӣ мебошад.
Аз байни конҳои номбурда кони "Фон-Яғноб" (Равот), ки дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд воқеъ гаштааст, барои тараққӣ додани

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо