Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

саноати истеҳсоли ангишт шароити мусоид дорад. Ин кон дар масофаи 130 км аз шаҳри саноатии Душанбе воқеъ гашта, масофаи он баробари ба истифода додани туннели Анзоб хеле наздик хоҳад шуд. Кони "Фон-Яғноб" аз 29 қабат ангиштсанг иборат буда, ғафсии он дар бисёр ҷойҳо то 14,5 метрро ташкил менамояд. Зиёда аз 80%-и ангиштсанги кони "Фон-Яғноб" коксшаванда буда, захираҳои онро бо усули кушод низ гирифтан мумкин аст. Ҷамъи захираҳои дақиқшудаи кони "Фон-Яғноб" зиёда аз 800 млн. тонна ба қайд гирифта шудааст, ки 500 млн. тоннаи он категорияи саноатӣ дорад. Бояд зикр намоем, ки дар ҳудуди кӯҳи Малик дар наздикиҳои кони "Фон-Яғноб" (Равот) сӯхтани ангиштсанги қаъри замин дар тӯли асрҳо мушоҳида карда мешавад. Буғ бо омехтаи дуди ангиштсанги сӯхтаистода шабу рӯз, беист дар тӯли 3,5 млн. сол аз қуллаи кӯҳи баландтарини ин диёр фаввора мезанад. Олимон муайян намудаанд, ки сарчашмаи оташи зеризаминӣ дарозии як километра ва паҳноии 200-метра дорад. Дар натиҷаи ба берун партофтани сулфур, кислотаи сулфур ва ғайра тамоми ҳудуди кӯҳи Малик сӯхта, ранги ҷиғариро гирифтааст. Ҳудуди кӯҳи Малик дар асл маркази бузурги илмию тадқиқотӣ шуда мондааст. Аз гуфтаҳои боло хулосае бармеояд, ки дар ҳудуди ҳавзаи пурра дақиқ нашудаи Зарафшон захираҳои ангиштсанг аз ҳад зиёд буда, ҳаҷми умумии он тахминан 1,6 млрд. тонна мебошад.

Пастхамии қаторкӯҳи Зарафшон, ки ба ноҳияи Панҷакент хеле наздик аст, бо кони "Киштут-Зауран" хеле машҳур аст. Тадқиқот нишон дод, ки дар ин кон 41 қабати ангиштсанг бо ғафсии 19,8-32,7 метр муайян карда шудааст. Ҳаҷми умумии захираи ангиштсанги ин кон 92,5 млн. тоннаро ташкил менамояд.

Дар баробари конҳои дар боло зикрёфта, дар Панҷакент ва болооби Зарафшон конҳои зерин кашф карда шудаанд:
• кони ангиштсанги "Шишкат" бо захираи 24,7 млн. тонна;
• кони ангиштсанги "Моғиён" бо захираи 39 млн. тонна;
• кони ангиштсанги "Тобасанг" бо захираи 290 млн тонна;
• кони "Зиддӣ" бо захираи 46 млн. тонна;

пешина
аз 785
навбатӣ