Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• конҳои "Реват", "Рарз", "Вашан", "Ғузн" бо захираи 140 млн.
тонна
Қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон низ якҷоя бо ҳудуди Тоҷикистони марказӣ, ки пастхамии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, Қаротегин ва Олойро дар бар мегирад, дар як давраи кӯтоҳ, бо кӯшишу ғайрати геологҳои тоҷик конҳои Назарайлоқ ва Миёнаду бо 25 млн. тонна захираи ангиштсанг кашф карда шудаанд.
Кони Назарайлоқ аз ҷиҳати сифат ва иқтидори беҳад баланди гармдиҳӣ дар байни тамоми конҳои ангиштсанги Тоҷикистон фарқ мекунад. Ангишти кони Назарайлоқ антрацит аст. Таркиби антрацити Назарайлоқ зиёда аз 97% карбон дорад. Он ранги сиёҳ дошта, бо ҷилои оҳанини худ фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон антрацитро ҳам ба сифати сӯзишворӣ ва ҳам барои истеҳсоли кокс васеъ истифода мебаранд. Кони Миёнаду бошад, дар шимолу шарқии ноҳияи Тавилдара ҷойгир шуда, захираи он ҳамагӣ 8 млн. тоннаро ташкил менамояд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ду кони ангиштсанг - кони "Куртекин" ва кони "Равнов" кашф карда шудааст. Кони "Куртекин" дар наздикиҳои ноҳияи Мурғоб дар баландии 4,5-5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Захираҳои саноатии ин кон дар айни ҳол 6 млн. тоннаро ташкил менамояд.
Дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз низ якчанд конҳои ангиштсанг муайян карда шудаанд. Аз болооби дарёи Ёкунҷ то ба ҷануб ва болооби дарёи Обиравноб то шимол захираҳои ангиштсанг дар се қитъа, Равнов, Ҷанубу Шарқӣ ва Шарқӣ мавҷуданд. Ғафсии ангиштсанги ин конҳо то 13,7 метр буда, захираи умумии онҳо 160 млн. тонна мебошад.
Асрори захираҳои табиии ВМКБ ҳанӯз кушода нашудааст ва
маълум аст, ки захираҳои азими ангиштсанг ва дигар намудҳои
маъдан ва канданиҳои фоиданок хеле бисёранд. Дар баробари ин
бояд қайд намоем, ки бисёр конҳои начандон бузурги дар боло
номбаршуда, дар натиҷаи протсессҳои табиӣ мавҷудияти худро
асрҳост, ки ба мардуми ин минтақаҳо нишон додааст. Аҳолии
ноҳияҳои водии Зарафшон (Айнӣ, Мастчоҳ, Панҷакент) аз конҳои
"Зиддӣ", "Фон-Яғноб", "Киштут-Зауран", "Шишкат", "Моғиён" ва

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо