Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бахшидани корҳои кофтуковӣ-геологӣ ва муайян кардани захираҳои азими вилояти Суғд барои бақайдгирии корхонаи муштараки саҳомии Америкаю Тоҷикистон "Кайракумойл ЛТД" розӣгӣ дод.

Корхонаи муштараки бунёдгашта дар баробари ба роҳ мондани корҳои пармакунии конҳои чуқур вазифаи ҳарчи бештар зиёд намудани ҳаҷми истихроҷи нафтро дар конҳои амалкунанда ба уҳда гирифта буд.

Бояд зикр намоем, ки бо вуҷуди дар ҷануби ҷумҳурӣ фаъолият намудани калонтарин экспедисияи ҷанубии геологии Тоҷикистон, то солҳои охири Ҷанги дуюми ҷаҳон натиҷаҳои корҳои кофтуковии геологӣ бештар дар шимоли Тоҷикистон дида мешуданд. Кофтуковҳои нимасра нишон доданд, ки бо вуҷуди мавқеи ҷойгиршавии душвори геологии худ, қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон, ки дар илми геология бо номи пастхамии ҷанубии Тоҷикистон машҳур аст, захираҳои бои нафту газ доштааст. Ин минтақа ба чор ҳавзаи нафту газдор - Вахш, Душанбе, Кофарниҳон ва Кӯлоб тақсим карда шудааст. Мувофиқи маълумотҳои олимон дар қабати дуюми замини ин пастхамӣ миқдори хеле зиёди нафт ва гази табиӣ мавҷуд аст. Ин кашфиётҳо аввалин маротиба соли 1949 тасдиқ шуда буданд. Дар ин солҳо дар ноҳияи Вахш кони нафту гази Қизилтумшуқ кушода, ба истифода дода шуд. Баъдтар дар ин ноҳия соли 1960-61 боз конҳои Кичикбел ва Оқбошадир низ кашф шуданд. Соли 1963 захираҳои калони нафту гази Шоҳамбарӣ ва Қӯрғончаи шимолии ноҳияи Кофарниҳон кашф карда шуданд. Лозим ба ёдоварист, ки кони нафту гази Кофарниҳон он солҳо худ аз худ аз қаъри замин фаввора зада баромада, оташ гирифт. Оташ он рӯзҳо ба баландии зиёда аз 300 метр алангӣ мезад. Баъд аз як моҳ бо кӯмаки мутахассисони Россия ва Озарбойҷон имконпазир гардид, ки фаввораи оташро хомӯш кунанд. Соли 1970 якбора якчанд захираҳои нафту газ дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб низ муайян карда шудаанд, ки дар байни онҳо конҳои Бештентак, Сулдузӣ, Хоҷасартез ва Сомонҷӣ дар ноҳияи Фарҳор захираҳои зиёди нафту газ доранд.

Нафти конҳои ҷанубии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба конҳои шимолӣ вазнинтар буда, дар таркиби он равғанҳои

пешина
аз 785
навбатӣ