Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
молиданӣ, қатрон, олтингӯгирд бештар аст. Ин навъи нафт дар баробари истеҳсоли бензин маводи хуби тайёр намудани қатрон ва битум мебошад.
Мувофиқи ҳисобҳои олимон ҳаҷми захираи нафту гази танҳо конҳои дар боло номбаршудаи вилояти Хатлон 840-850 млн. тоннаро ташкил мекунад. Захираҳои нафт дар ин минтақа дар чуқурии аз 800 то 2900 метр аз сатҳи замин ҷойгир шудаанд. Дар баробари ин пастхамии ҷануби Тоҷикистон бо минтақаи пастхамии Тоҷикистону Афғонистон, ки он ҳудуди пурраи ноҳияи Панҷ, Қумсангир ва қисман Фархорро дар бар мегирад, ки дар даҳсолаҳои аввали асри XXI бо кашфи захираҳои зиёди нафту газ фахр мекунад. Дар ин пастхамӣ бояд дарёҳои нафт ва захираи азими гази табиӣ вуҷуд дошта бошад, ки онҳо ҳавзҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва ҳатто давлатҳои арабро бо ҳам мепайванданд. Далели ин пешгӯӣ он аст, ки мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ солҳои 1985-1990 дар минтақаҳои соҳили рости дарёи Аму, яъне ҳудуди давлати Афғонистон зиёда аз 20 кони захираҳои азими гази табиӣ ва қисман нафтро кашф намуда буданд.
Дар ҷанубтари ин минтақа бошад, захираҳои ин ҳавзаро ҳамсояи мо Ҷумҳурии Узбекистон хеле хуб истифода бурда истодааст. Танҳо дар даҳ соли охири асри XX Узбекистон дар ҳудуди сарзамини худ зиёда аз 100 кони нафту газро кашф кардааст, ки бештари ин конҳо дар ин пастхамӣ ҷойгиранд.
Бояд ёдовар шавем, ки солҳои охири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар 350-400 ҳазор тонна нафт истеҳсол карда мешуд, пас ҳоло вақте, ки мо соҳиби боигарии ҷумҳурии худ гаштем, истеҳсоли умумии нафтро то ба 25 ҳазор тонна паст фаровардем, дар ҳолате, ки захираҳои кашфшудаи нафти кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон 430 млн. тоннаро ташкил мекунад.
Бо дарназардошти 0,5 млн. тонна эҳтиёҷи солонаи ҷумҳурӣ ба маҳсулоти нафт захираҳои кашфшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба 172 сол расад. Аз ин бармеояд, ки мо бояд дар асри нав тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намоем, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ дар баробари вусъат додани корҳои ҷустуҷӯӣ, истифодабарии конҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор