Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
кашфшударо хуб ба роҳ монда, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз вобастагии маҳсулоти нафтии давлатҳои ҳамсоя раҳо намоем. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ин мақсад тамоми шароитҳоро дорад.
Гази табиӣ. Бар хилофи ақидаҳое, ки гази табиии кашфшудаи дунё бояд ба наздикӣ тамом шавад, 15 соли охири асри XX ҳаҷми захираҳои он аз 100 то 144 триллион метри мукааб зиёд шуд. Сабаби чунин зиёдшавӣ, пеш аз ҳама, дар Федератсияи Россия, тунукобаи баҳри Баренс кашф ва ба истифода дода шудани захираҳои азими гази табиӣ буд.
Дар натиҷаи чунин кашфиётҳо Россия соли 1998 якбора аз ҷиҳати захираи гази табиии кашфшуда дар ҷаҳон ба ҷои якум баромад, ки он 39,2%-и ҳаҷми умумии захираҳои ҷаҳонро (Осиёи Ғарбӣ - 32%, Африкаи Шимолӣ - 6,9%, Америкаи Шимолӣ - 4,9% ва Европаи Ғарбӣ - 3,8%) ташкил мекунад.
Солҳои охири асри XX дар натиҷаи вусъат додани корҳои илмию тадқиқотӣ, истифодаи дастгоҳҳои кайҳонӣ захираҳои зиёди гази табиӣ кашф карда шуданд. Аввали соли 1998 ҳаҷми захираи гази табиӣ дар Россия ба 47600 млрд. метри мукааб, Ҷумҳурии Исломии Эрон - 21200 млрд. метри мукааб, ШМА - 4654 млрд. метри мукааб, Алҷазоир - 3424 млрд. метри мукааб, Туркманистон - 2884 млрд. метри мукааб, Норвегия - 3800 млрд. метри мукааб, Қазоқистон - 2000 млрд. метри мукааб, Ӯзбекистон - 1786 млрд. метри мукааб, Нидерландия - 1668 млрд. метри мукааб, Либия - 1212 млрд. метри мукааб, Британияи Кабир - 574 млрд. метри мукаабро ташкил медод.
Бо дарназардошти миқдори истифодаи солонаи гази табиӣ - 2,2 триллион метри мукааб, ҳаҷми умумии захираҳои кашфшуда бояд ба 71 соли дигар расад.
Солҳои 1991-2000 корҳои зиёде оид ба кашф намудани захираҳои азими гази табиӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ анҷом дода шудаанд. Қадамҳои аввали истиқлолият аксарияти ин ҷумҳуриҳоро водор намуд, ки барои қудратнокшавии давлати худ тамоми захираҳои табиии диёрашонро тадқиқ намуда, маҳсули онро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор