Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

чи дар дохили давлат ва чи берун аз марзи он, дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба нафъи миллати хеш истифода баранд.

Иттилооти муфассалро мо дар ин бора ба Шумо дар боби "Ҳамгироии иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ" пешниҳод намуда будем.

Дар бораи захираҳои гази табиии Тоҷикистон маълумоти мухтасар медиҳем.

Олимон аз тамоми намудҳои сӯзишвориҳои истифодашаванда гази табииро фоиданоктарин ҳисоб менамоянд.

Дар нимаи дуюми асри XX даврае фаро расид, ки гази табииро барои истеҳсоли барқ, соҳаҳои гуногуни истеҳсолот, корхонаҳои хизмати маишӣ ва рӯзгори мардум васеъ истифода мебурдагӣ шуданд.

Давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққинамудаи ҷаҳон бошад, гази табииро бо тариқи қубурҳои азимҳаҷм вориди мамлакати худ намуда, онро чун ашёи хом барои истеҳсоли нахҳои синтетикӣ, каучук, пластмасса, нуриҳои минералии азотӣ, моддаҳои тарканда ва доруворӣ васеъ истифода мебаранд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои хизмати маишии аҳолӣ бо гази табиии воридотӣ, қисми муайяни он барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, маҳсулоти химиявӣ, семент ва қувваи барқ истифода бурда мешавад.

Бояд қайд кард, ки бо сабаби ба қадри кофӣ нарасидани гази табиии истеҳсоли худӣ ҳар сол аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя то 1 млрд.
метри мукааб гази табиӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад. Масалан, агар соли 1999 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 763,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 36,7 млн. доллари ШМА ворид шуда бошад, соли 2000 ин рақам 726,3 млн. метри мукаабро ташкил намудааст.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир нишон дод, ки дар тамоми конҳои амалкунандаи нафт, дар сатҳи болоии он гази табиии зиёде мавҷуд аст. Бинобар ин олимон ҳаҷми умумии захираҳои гази табиии Тоҷикистонро зиёда аз 1 триллион метри мукааб тахмин намудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои бузурги гази табиӣ дар
ҳавзаи водии Ҳисор - ноҳияи газу нафти Душанбе - кони Андигон,

пешина
аз 785
навбатӣ