Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Роҳатӣ, Шоҳамбарӣ, Комсомол, инчунин, ҳавзаи Қизилтумшуки ноҳияи Вахш, ҳавзаи Хоҷасартези вилояти Хатлон мавҷуданд.

Аз ҳавзаи водии Ҳисор дар тӯли 30 соли охир танҳо кони Комсомол, ки дар назди корхонаи сементбарорӣ воқеъ гаштааст, истифода бурда мешавад. Ҳавзаи Қизилтумшуқ бошад, аз соли 1964 инҷониб фаъолият мекунад. Қисми зиёди гази истеҳсолшуда дар баробари қонеъ кардани талаботи аҳолии ноҳияҳои Вахш, Бохтар ва Қӯрғонтеппа барои эҳтиёҷоти заводи нуриҳои азотии Вахш шаҳри Сарбанд истифода мегардад.

Соли 1993 баъд аз пурра аниқ намудани ҳаҷми захираҳои гази табиии кони Хоҷасартез Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба азхудкунии он шурӯъ намуд. 1 январи соли 2001 захираҳои ин кон дар ҳаҷми 1 миллиард метри мукааб муайян карда шуданд. Гази табиии ин кон дар чуқурии 1600 метр воқеъ гашта, ба рӯи замин бо фишори хеле баланд берун мебарояд. Ҳоло аз гази ин кон аҳолии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои шарқии вилояти Хатлон ва солҳои наздик заводи нуриҳои азотии Вахш истифода хоҳанд бурд.

Соли 1977 дар наздикиҳои шаҳри Конибодом кони гази Қарақчиқуми Шимолӣ кашф карда шуд. Лаҳзаи аввали ба истифода додани кон газ аз чуқурии чор ҳазор метр фаввора зада, забонаи 400 метраи оташро фурӯзон карда буд. Имрӯзҳо дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо конҳо дар ноҳияҳои Исфара, Конибодом амал мекунанд. Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 45 млн. метри мукааб гази табиӣ истеҳсол карда мешавад (солҳои пеш ҳаҷми солонаи истеҳсоли гази табиӣ ба 400 млн. метри мукааб расонида шуда буд).

Гидроэнергетика. Соҳаи гидроэнергетикаи ҷаҳон, ки дар асоси пешрафти илмию техникии асрҳои XIX ва XX ба вуҷуд омадааст, бо вуҷуди ба гурӯҳи захираҳои минералӣ надаромаданаш дар иқтисодиёти ҷаҳон, қувваи барқро ба қатори захираҳои сӯзишворӣ дохил намуданд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки маҳсули меҳнати кормандони соҳаи гидроэнергетика аз соҳаҳои дигари истеҳсоли маводи сӯзишворӣ (ангиштсанг, варақсангҳои сӯзанда, торф, нафти хом, гази

пешина
аз 785
навбатӣ