Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

табиӣ, қувваи барқ дар нерӯгоҳи истеҳсоли гармӣ (ТЭЦ) ва стансияҳои атомӣ) бо арзонӣ, каммасрафӣ ва фоиданокиаш куллан фарқ мекунад.

Бисёр давлатҳои ҷаҳон дар давоми 50 соли охир дар баробари бунёди иншоотҳои хурду калони гидроэнергетикӣ роҳҳои истифодаи пурсамартари обро аз худ намуданд. Бунёди як иншооти гидроэнергетикӣ дар баробари истеҳсоли қувваи барқ ба обёрии намудани садҳо гектар заминҳои бекорхобидаи ташналаб кӯмак мерасонад. Ба дараҷаи баланди истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон бештар давлатҳои Европа (70%), Америки Шимолӣ (38%), Россия (20%) ноил гардидаанд.

Даҳсолаҳои охири асри XX дар соҳаи гидроэнергетикаи ҷаҳон тамоили нав пайдо шуд. Бисёр давлатҳои ҷаҳон аз давлатҳои дар ин соҳа пуртаҷриба дар сохтмони иншоотҳои барқӣ кӯмак талаб намуданд. Бо ёрии мутахассисони Иттиҳоди Шӯравӣ иншоотҳои азими барқӣ дар Ҳиндустон, Покистон, Эрон ва тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Бо кӯмаки мутахассисони ШМА бошад, чунин иншоотҳо дар Канада, Мексика, Австралия сохта шудаанд.

Дар натиҷа дар ибтидои асри XXI ҳосил кардани қувваи барқ дар ҷаҳон ба 9,8 трлн. киловатт соат расонида шуд. Бо вуҷуди ба чунин дараҷаи баланди ҳосил кардани барқ расидан, олимони иқтисодшинос муайян намуданд, ки дар ҷаҳон имрӯз инсоният ҳамагӣ 21%-и иқтидори захираҳои гидроэнергетикиро истифода мебарад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 19,3%-и иқтидори захираҳои гидроэнергетикӣ истифода мегардад. Мувофиқи далелу рақамҳои дар маҷаллаи "The International on Hydropower and Dams"-и Британияи Кабир соли 1997 чопшуда, бо вуҷуди аз ҷиҳати масоҳат дар байни давлатҳои ҷаҳон ҷойи 85-умро ишғол намудан, Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтидори умумии захираҳои гидроэнергетикӣ (527 млрд. кВТ соат дар як сол) баъд аз Хитой, Россия, ШМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ҷойи 8-умро ишғол менамояд.

пешина
аз 785
навбатӣ