Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Солҳои охир мувофиқи нишондиҳандаҳои нави муайяннамудаи ташкилотҳои байнамилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора дар ҷаҳон аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ ба ҳар сари аҳолӣ ба ҷои аввал баромада, аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсоли қувваи барқ ба ҳар як километри мураббаъ ҷои дуюмро ишғол намуд.
1 январи соли 2001 захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон 14247 млн. кВТ-соатро ташкил менамоянд. Аммо имрӯз мо аз он ҳамагӣ 3726.6 млн. кВТ-соат ё 19,3%-и онро истифода менамоем.
Бояд зикр намуд, ки танҳо ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии Роғун ва Сангтӯда Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли қувваи барқро метавонад ду маротиба зиёд намояд. Имрӯз қувваи муайяншудаи иншоотҳои барқии обии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4400 млн. кВТ-соат муайян карда шудааст, ки 68%-и он ба нерӯгоҳи барқии Норак рост меояд.
Истеҳсоли солонаи қувваи барқ вобаста ба паст ва зиёдшавии захираҳои обии обанборҳои Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 14,5 то 16,5 млрд. кВТ-соат кам ва зиёд мешавад. Танҳо ҳиссаи иншооти барқии дар боло зикрёфта 72%-ро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо барқ таъмин намудани корхонаҳои истеҳсолӣ маҷбур шуд, ки аз соли 1992 сар карда, аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя бо нархи ҷаҳонӣ миқдори муайяни қувваи барқро харад.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин проблемаро танҳо бо роҳи бунёди иншоотҳои барқии обии хурд ва миёна ба тезӣ ҳал намудан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз умуман захираҳои беҳад бузурги дарёҳои хурди кӯҳӣ истифода бурда намешаванд. Солҳои 1980-85 бошад, баъд аз пурра ба истифода дода шудани нерӯгоҳи барқии Норак, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншооти майдаи баркие, ки ҳар яке онҳо як ноҳияи дорои зиёда аз 100 ҳазор аҳолиро бо барқ таъмин карда метавонист, баста шуданд. Дар ҳолате, ки мо ҳар сол аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя зиёда аз 5 млрд. кВТ-соат қувваи барқ мехарем, мо бояд ба иқтидори гидроэнергетикии дарёҳои хурди кӯҳӣ низ эътибори ҷиддӣ диҳем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор