Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Олимони тоҷик бо дарназардошти дар ояндаи наздик дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бузург бозидани дарёҳои хурди кӯҳистони тоҷик ҳисоб карда баромадаанд, ки иқтидори гидроэнергетикии дарёҳои хурд ва миёнаи ҷумҳурӣ зиёда аз 30 млн. кВТ буда, истеҳсоли солонаи қувваи барқи онҳо 100 млрд. кВТ-соатро ташкил хоҳад дод.

Бунёди иншоотҳои барқӣ дар дарёҳои хурд ва миёнаи водии Рашт (Сарбанд, Ғарм, Тавилдара, Тоҷикобод), ВМКБ (Қалъаихумб, Ванҷ, Рӯшон, Хороғ, Ишкошим) ба пешрафти соҳаҳои истеҳсолоти маҳаллӣ ва баланд бардоштани дараҷаи зиндагии мардуми кӯҳистон мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ барои истеҳсоли барқ истифодаи қувваи бод низ яке аз захираҳо ба шумор меравад.

Бунёди ин соҳа фақат хароҷоти харидорӣ ва насби генераторҳои барқии бодиро талаб менамояд.

Дар баробари ин самти шамолро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардан душвор нест. Аз таҷрибаи ҳаётии пирони Тоҷикистон самти доимии вазидани бодро дар ҳар ноҳия ба зудӣ муайян кардан мумкин аст. Ба фикри мо ин генераторҳои барқии бодиро дар ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Москва, Данғара, ағбаи Шар-Шар ва Чормағзак, қад-қади соҳили дарёи Ёлок аз ноҳияи Ленин сар карда то қишлоқи Қалъаи нави ноҳияи Файзобод, соҳили дарёи Кофарниҳон аз ноҳияи Шаҳртуз то болооби дарёи Ромити ноҳияи Кофарниҳон, баландиҳои кӯҳҳои Анзоб, қад-қади соҳили дарёҳои ноҳияи Айнӣ, қад-қади соҳили дарёи Сир, баҳри Тоҷик ва гирду атрофи ноҳияи Чкаловски вилояти Суғд истифода бурдан мумкин аст. Дар ин бахш таҷрибаи штати Колорадои ШМА-ро пурра истифода бурдан мумкин аст.

Сарватҳои зеризаминӣ. Инсоният дар рафти ташаккули худ сирру асрори табиат ва боигарии чашмрас ва зеризаминии мавҷударо кашф намуда, оҳиста-оҳиста онҳоро ба манфиати худ истифода мебурд.

пешина
аз 785
навбатӣ