Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Таърих гувоҳ аст, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти рӯзгор ва бехатарии худ аз ҷумлаи сарватҳои зеризаминӣ, пеш аз ҳама, истифодабарии оҳанро кашф намуд. Бо пайдоиши давлатҳо нахуст барои ороиш ва баъдан дар доду гирифти байнидавлатӣ металлҳои ранга ба сифати ченаки арзиши мол нақши бузурге бозиданд.
Пешрафти илмию техникии нимаи дуюми асри ХХ боиси кашфиёт ва истифодаи васеи навъҳои фулузоти камёб гардид.
Мо низ тартиби зина ба зина азхуд намудани сарватҳои зеризаминиро ба назар гирифта, барои осон шудани омӯзиш иттиолоти лозимиро барои Шумо ба тарзи гурӯҳбандӣ омода намудем:
Фулузоти сиёҳ. Барои истеҳсоли фулузоти сиёҳ оҳан дорои аҳамияти ниҳоят калон мебошад. Олимон пешбинӣ намуданд, ки захираҳои маъдани оҳани ҷаҳон имрӯз 600 млрд. тоннаро ташкил менамоянд, ки дар натиҷаи кофтуковҳои геологӣ то 1 январи соли 2001 мавқеи ҷойгиршавии 260 млрд. тоннаи он аниқ карда шудааст. Захираҳои калонтарини маъдани оҳани курраи замин дар Бразилия, Австралия, Канада, Россия, Хитой, ШМА, Ҳиндустон ва Шветсия кашф карда шуданд. Ҳар сол дар дунё зиёда аз 1 млрд. тонна маъдани оҳан истеҳсол карда мешавад, ки 49,7%-и он ба давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон ва 50,3%-и он ба давлатҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳон рост меояд. Бо назардошти истифодаи солона ҳисоб карда шудааст, ки захираҳои оҳани кашфшудаи дунё бояд ба 2,5 аср расад.
Имрӯзҳо пурра аниқ шудааст, ки дар дунё 300 намуди минералҳои омехтаи оҳан вуҷуд доранд. Аз онҳо ҳамагӣ чор намуди зерин аҳамияти саноатӣ доранд: магнетит (маъдани оҳани магнитдор) - дар таркибаш 72% оҳан дорад; гематит (маъдани сурх) - дар таркибаш 70% оҳан дорад; лимонит (оҳангсанги сурхи сиёҳтоб); сидерит (шпати оҳандор) - дар таркибаш 48% оҳан дорад.
Дар ҳудуди Тоҷикистон конҳои оҳан аз давраи қадим маълум буда, дар тӯли асрҳо маъдани онҳо барои истеҳсоли яроқу аслиҳа ва асбобҳои рӯзгор истифода бурда мешуд. Чӣ тавре ки маълум аст, дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор