Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
аввалҳои асри XIX дар Помир истеҳсоли саноатии коркарди оҳан аз маъдани сидерит хеле хуб ба роҳ монда шуда буд.
Имрӯзҳо дар шимоли Тоҷикистон, наздикиҳои кӯҳҳои Муғул зиёда аз даҳҳо кони маъдани оҳан (Чоқадамбулоқ, Аткулак, Туранглӣ, Айнабулоқ, Қаракизтуган, Янгикон) кашф карда шудаанд, ки дар байни онҳо кони Чоқадамбулоқ аҳамияти саноатӣ дорад. Ин кон бо захираҳои бузурги худ дар сатҳи болоии замин бо ғафсии 400-500 метр фарқ мекунад. Дар таркиби маъдани ин кон ғайр аз магнетит, ки он 39,6%-ро ташкил медиҳад, инчунин, висмут, кобалт, мис, сурб, рух, нуқра, тилло, гелий ва намудҳои дигари канданиҳои фоиданок мушоҳида карда мешавад.
Захираҳои саноатии маъдани ин кон 60 млн. тоннаро ташкил менамояд. Мутахассисони тоҷик даҳсолаҳои охир конҳои зиёди маъдани оҳанро дар қисмати Тоҷикистони марказӣ ва ВМКБ муайян намуданд. Дар қаторкӯҳҳои Қаротегин, наздикии ноҳияи Дарбанд конҳои маъдани Тегерма, дар ВМКБ кони Оқбайтал, Шимолӣ, Начарфи болой, конҳои гематитдори Ган, Гармчашма (Сункат, Қарочилгакр) кашф карда шудааст. Дар ноҳияи Исфара (Чатиротек) бошад, кони азими марганец кушода шудааст.
Бояд қайд намоем, ки мавҷудияти захираҳои азими маъдани оҳан дар қисми марказии давлати бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ (конҳои Урал ва Қазоқистон) ва набудани эҳтиҷот ба кашфи захираҳои нав солҳои 1929-1991 ба олимони тоҷик пурра тадқиқ намудани кӯҳҳои азими сар ба фалакро надоданд. Дар тӯли 73 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ягона корхонаи маъдангудозӣ Ҷамъияти саҳомии "Таҷҳизот" бунёд карда шудааст, ки он ҳам дар соли 2000 якҷоя бо саноати мошинсозӣ ҳамагӣ ба маблағи 10,8 млн. сомонӣ маҳсулоти чӯянӣ истеҳсол намуд. Дар шароити мавҷудияти захираҳои калони ангиштсангӣ аълосифат - антратсити кони Назарайлоқ дар солҳои наздик бунёд намудани корхонаи металлургӣ ба пешрафти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки бузурге мерасонид. Ҳаҷми маҳсулоти комбинати металлургиро аз ҳисоби гудозиши оҳанпора ва партовҳои истеҳсолие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои онҳо рӯз аз рӯз афзуда истодааст, зиёд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор